Аз садамаи ҳавопаймо дар Эрон 66 нафар ҳалок шуданд

Дар Эрон ҳавопаймои ATR 72 бо 60 мусофир ва 6 аъзои ҳайати сарнишинон (экипаж) ба садама дучор шуд. Нашрияи Медуза бо истинод ба хабаргузории Tasnim менависад, ҳавопаймо ба ширкати Aseman Airlines тааллуқ дошта, бо хатсайри Теҳрон – Ясуҷ, шаҳри воқеъ дар қисмати ҷанубу ғарбии Эрон парвоз мекардааст. Гуфта мешавад, тақрибан баъди 20 дақиқаи оғози парвоз […]

Asia-Plus

Дар Эрон ҳавопаймои ATR 72 бо 60 мусофир ва 6 аъзои ҳайати сарнишинон (экипаж) ба садама дучор шуд.

Нашрияи Медуза бо истинод ба хабаргузории Tasnim менависад, ҳавопаймо ба ширкати Aseman Airlines тааллуқ дошта, бо хатсайри Теҳрон – Ясуҷ, шаҳри воқеъ дар қисмати ҷанубу ғарбии Эрон парвоз мекардааст.

Гуфта мешавад, тақрибан баъди 20 дақиқаи оғози парвоз аз фурудгоҳи Теҳрон робита бо ҳавопаймо қатъ шудааст.

Ҳавопаймо дар мавзеи душворгузар афтода, айни замон наҷотдиҳандагон бо автомобилҳо талош доранд, ки ба ин мавзеъ раванд. Бар асари тумани ғализ чархболҳо дар ҷойи ҳодиса нишаст наметавонанд.

Ҳавопаймо дар наздикии шаҳри шаҳри Симируми вилояти Исфаҳон, воқеъ дар тақрибан 620-километрии ҷануби Теҳрон суқут кардааст. Дар ширкати ҳавопаймоӣ изҳор доштаанд, ки ҳамаи одамони дохили ҳавопаймо ҳалок шудаанд.

Бино ба маълуомти хабаргузории эронии Tasnim, обуҳаво дар маҳалли суқути ҳавопаймо номусоид буда, ба корҳои ҷустуҷӯ монеъа эҷод месозад. Тахмин мешавад, ки маҳз ҳамин обуҳавои номусоид ба садамаи ҳавопаймо сабаб шудааст.

Шабакаи телевизионии эронии Press TV иттилоъ додааст, ки халабон (лётчик)-и ҳавопаймои ба садама дучоршудаи ATR 72 соли 2013 низ пас аз вайрон шудани муҳаррик дар фурудгоҳи Ясуҷ ҳавопайморо ба таври садамавӣ фуруд овардааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.