Дар Тоҷикистон супердемократ меҷӯянд. Ба онҳо 14 ҳазор доллар доданианд

Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи давлатӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди демократияро таъсис дод. Ҷоизаи нав «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» ном дорад. Дар оинномаи он гуфта мешавад, он «барои саҳми арзанда дар рушди демократия, таҳкими сулҳу ризоият дар ҷомеа ва густариши дӯстӣ байни халқҳо» тақдим мегардад. Ҷоиза аз нишони фахрӣ ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 125 ҳазор сомонӣ […]

Наим Халимов

Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи давлатӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди демократияро таъсис дод.

Ҷоизаи нав «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» ном дорад. Дар оинномаи он гуфта мешавад, он «барои саҳми арзанда дар рушди демократия, таҳкими сулҳу ризоият дар ҷомеа ва густариши дӯстӣ байни халқҳо» тақдим мегардад.

Ҷоиза аз нишони фахрӣ ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 125 ҳазор сомонӣ (беш аз 14 ҳазор доллар) иборат аст. Худи нишони фахрӣ низ аз металлҳои гаронбаҳо сохта шудааст.

Фармон дар ин бора таҳти №1001 аз ҷониби президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 2 феврали соли равон ба имзо расид. Ҷоиза бар асоси қонуни конститусионӣ «"Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» таъсис дода шудааст.

Чӣ гуна ва аз ҷониби киҳо интихоб шудани номзадҳо ба довталабии ин ҷоиза алҳол маълум нест. Табиист, ки номзадҳо зиёд буда метавонанд. Мо ба Шумо пешниҳод мекунем, ки сари соҳиб шудани киҳо ба ин ҷоиза дар кишвар ба андеша равед.

 
Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.