Ҷойи сохтмони маҷмааи меъмории «Истиқлолият ва Озодӣ» маълум шуд

Ҳукумати Тоҷикистон чанде қабл барои интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе озмун эълон кард. Баргузории озмун бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои Истиқлолият ва озодӣ, инчунин ба муносибати 30-солагии ҷашни […]

Аваз Юлдошев

Ҳукумати Тоҷикистон чанде қабл барои интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе озмун эълон кард.

Баргузории озмун бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои Истиқлолият ва озодӣ, инчунин ба муносибати 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.

Озмун дар як давр гузаронида шуда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ метавонанд озодона дар он иштирок намоянд.

Тибқи маълумоти дарёфтии «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ, санаи 8 феврал тартиб ва тарзи баргузории озмун муайян ва ҳайати комиссияи озмун тасдиқ шудааст, ки роҳбарии комиссия ба дӯши сарвазии кишвар Қоҳир Расулзода вогузор шудааст.

Ба ҳайати комиссия ҳамчунин раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, муовини сарвазир Азим Иброҳим, роҳбарони Кумитаи меъмориву сохтмон, Раёсати рушди зербинои дастгоҳи иҷроияи президент, ёвари президент оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазири фарҳанг, роҳбарони Кумитаи заминсозӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, президенти Академияи илмҳо, раиси Иттиҳоди нависандагон ва роҳбари Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон шомил шудаанд.

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар майдони 8,5 гектар, дар ҷойи ҳамроҳшавии дарёҳои Душанбе ва Лучоб, қисмати ҷанубии корпусҳои нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воқеъ дар кӯчаи Низомии Ганҷавӣ қомат меафрозад.

Ба ғолиби озмун 15 ҳазор сомонӣ, зинаи дуюмро ишғолкарда – 10 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи сеюми озмун – 7 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.