КҲФ: Наҷоти мусофирзан аз дохили мошини паҷақшуда

Дар роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа охири ҳафтаи сипаришуда садамаи нақлиёт рух дода, ду нафар ҳалок ва як мусофирзан наҷот дода шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ), шоҳидони воқеа ба дастаи зудамали навбатдорони Кумита дар шаҳри Душанбе занг зада, хабар медиҳанд, ки дар дохили автомашинаи паҷақшуда ронанда ва мусофирон дармондаанд. Гуфта […]

Asia-Plus

Дар роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа охири ҳафтаи сипаришуда садамаи нақлиёт рух дода, ду нафар ҳалок ва як мусофирзан наҷот дода шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ), шоҳидони воқеа ба дастаи зудамали навбатдорони Кумита дар шаҳри Душанбе занг зада, хабар медиҳанд, ки дар дохили автомашинаи паҷақшуда ронанда ва мусофирон дармондаанд.

Гуфта мешавад, садама дар мавзеи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ рух дода, наҷотдиҳандагон бо асбоби махсус дари мошинро бурида, барои аз он берун овардани одамон қисмати болои мошинро боз кардаанд.

«Ронандаи автомашина ва мусофирзани 21-сола дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, боз як мусофирзан зинда ва бо ҷароҳатҳои сершумор аз дохили автомашинаи паҷақшуда берун гирифта шуда, ба бемористон фиристода шуд», – омадааст дар маълумот.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.