Ҳукумат 5 фоизи саҳмияҳои КМ «Зарафшон»-ро ба 1 доллар харид

Ширкати байнулмилалии кӯҳкории чинии «Ҷинфен» (Гонгконг) 5 фоизи ҳиссаи саҳмияҳои худро дар сармояи оинномавии ҶДММ КМ «Зарафшон» ба ҳукумати Тоҷикистон мефурӯшад. Нархаш рамзист – 1 доллар. Лоиҳаи созишномаи марбута байни ҷонибҳо бо қарори ҳукумат аз 5 феврали соли равон маъқул шуморида шуд. Мувофиқи ин қарор, ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати байнулмилалии кӯҳкории чинии «Ҷинфен» (Гонгконг) 5 фоизи ҳиссаи саҳмияҳои худро дар сармояи оинномавии ҶДММ КМ «Зарафшон» ба ҳукумати Тоҷикистон мефурӯшад. Нархаш рамзист – 1 доллар.

Лоиҳаи созишномаи марбута байни ҷонибҳо бо қарори ҳукумат аз 5 феврали соли равон маъқул шуморида шуд.

Мувофиқи ин қарор, ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ҷиҳати имзои ин созишнома аз номи ҳукумат дастур дода шудааст.

Баъди имзои санади мазкур ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар сармояи оинномавии ҶДММ КМ «Зарафшон» 7 млн. 274 ҳазору 724 доллар (30 фоиз) ва ширкати Чин – 16 млн. 974 ҳазору 364 доллар (700 фоиз)-ро ташкил медиҳад.

«Мухолифат ва баҳсҳо байни ҷонибҳо, ки вобаста ба шарҳу тавзеҳ ва амалисозии созишномаи мазкур ба вуҷуд меоянду тарафҳо бо дигар восита ба созиш намеоянд, тариқи машварату гуфтушунидҳо ҳаллу фасл мешаванд», – гуфта мешавад дар қарори ҳукумати Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин «Зарафшон» бузургтарин корхонаи истихроҷи тилло дар қаламрави Тоҷикистон ба шумор меравад, ки аз ҳаҷми умумии истеҳсоли тилло 70 фоиз ба ин корхона рост меояд.

Охири соли гузашта фаъолияти корхона муваққатан қатъ шуд. Аз Вазорати саноат он замон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буданд, ки боздошти муваққатии фаъолияти корхона ба навсозии хати технологӣ марбут аст. КМ «Зарафшон» аввали моҳи феврал фаъолияти худро барқарор намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.