Дар Театри давлатии академии ба номи Алишер Навоӣ дар шаҳри Тошканд маросими пуршукӯҳи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон доир гардид.
Санъати овозхонии Ҳунармандони халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов, Афзалшо Шодиев, Саидқул Билолов, ҳамчунин сарояндагони маъруф Муҳаммадрофеъи Кароматулло, Дилноза Каримова, Шарофат Усмонова ва ҳунари гулдхутарони ансамбли рақсии «Зебо» тамошобинони ӯзбекро тасхир кард.
«Вақте гулдухтарони ансамбли «Зебо» таҳти навои «Эй санам» рӯи саҳна омаданд, қариб ҳама аҳли толор ба рақс даромаданд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» яке аз сокинони Тошканд, ки дар ин консерт ҳузур дошт.
Барномаи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз намоиши аккосии «Тоҷикистони муосир», намоиши «Китобҳои Тоҷикистон», намоиши ду филми пурраи Носир Саидов, намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии устодони санъати тоҷик иборат аст.
Қобили зикр аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бори охир соли 1997 баргузор шуда буданд.
Дар нахустин намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон дар маркази ташкили намоишгоҳҳои «Узэкспоцентр»-и шаҳри Тошканд, ки 11 октябр ба кор шурӯъ намуд, ҳудуди 150 ширкат молҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.