Мусофирони «Уралские авиалинии» аз Хуҷанд парвоз накарданд

Аз охири моҳи феврал то имрӯз 22 парвози ҳавоипаймоҳои «Уралские авиалинии» аз Хуҷанд сурат нагирифт. Мусофироне, ки ба рӯзҳои 28-29 март билетҳо ба хатсайри ширкати ҳавопаймоии «Уралские авиалинии» аз Хуҷанд ба шаҳрҳои Екатеринбург, Маскав ва Челябинскро доштанд, ба нуқтаи таъинот дар муҳлати муқарраршуда расонида нашуданд. Интизорӣ мерафт, ки се ҳавопаймо аз шаҳрҳои Русия ба Хуҷанд […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Аз охири моҳи феврал то имрӯз 22 парвози ҳавоипаймоҳои «Уралские авиалинии» аз Хуҷанд сурат нагирифт.

Мусофироне, ки ба рӯзҳои 28-29 март билетҳо ба хатсайри ширкати ҳавопаймоии «Уралские авиалинии» аз Хуҷанд ба шаҳрҳои Екатеринбург, Маскав ва Челябинскро доштанд, ба нуқтаи таъинот дар муҳлати муқарраршуда расонида нашуданд.

Интизорӣ мерафт, ки се ҳавопаймо аз шаҳрҳои Русия ба Хуҷанд омада, бо мусофирон бозпас ба Русия парвоз мекунанд, лекин бинобар сабаби ҳал нашудани масъалаи иҷозатномаи парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Уралские авиалинии», анҷоми парвозҳо бекор шуд.

Аз Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз 21 феврал то имрӯз 22 парвози ҳавопаймоҳои «Уралские авиалинии» аз Хуҷанд сурат нагирифт, аз ҷумла 6 парвоз бо хатсайри Краснодар – Хуҷанд – Краснодар, 5 парвоз бо хатсайри Қазон – Хуҷанд – Қазон, 6 парвоз бо хатсайри Челябинск – Хуҷанд – Челябинск, 4 парвоз бо хатсайри Жуковский – Хуҷанд – Жуковский ва 1 парвоз бо хатсайри Уфа – Хуҷанд – Уфа.

Дар намояндагии ширкати «Уралские авиалинии» дар Хуҷанд ба «Азия-Плюс» дар ин робита гуфтанд, касоне, ки ба хатсайрҳои бекоршуда билет харидаанд, метавонанд онҳоро супоранд ё ба дигар хатсайрҳои иҷозашудаи ин ширкат, ки ду маротиба дар як ҳафта бо хатсайрҳои Хуҷанд – Маскав – Хуҷанд ва Хуҷанд – Екатеринбург анҷом дода мешавад, иваз намоянд. Ҳамчунин билетҳоро метавон ба хатсайрҳои дигар ширкатҳои ҳавопаймоӣ низ иваз кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.