Маҳдудиятҳо дар парвози ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба Русия

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба маълумоти мусофирони худ мерасонад, ки дар асоси барқияи Росавиатсия аз 31-уми марти соли 2018 иҷрои парвозҳоро ба як қатор шаҳрҳои Федератсияи Россия маҷбуран қатъ менамояд. Дар иттилоияи расмии ширкати «Сомон Эйр» дар ин робита қайд мешавад, ки Росавиатсия аз соати 00.01-и (вақти Москва) 2-юми апрели соли 2018 иҷрои хатсайрҳои Душанбе […]

Иттилоияи расмӣ

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба маълумоти мусофирони худ мерасонад, ки дар асоси барқияи Росавиатсия аз 31-уми марти соли 2018 иҷрои парвозҳоро ба як қатор шаҳрҳои Федератсияи Россия маҷбуран қатъ менамояд.

Дар иттилоияи расмии ширкати «Сомон Эйр» дар ин робита қайд мешавад, ки Росавиатсия аз соати 00.01-и (вақти Москва) 2-юми апрели соли 2018 иҷрои хатсайрҳои Душанбе – Екатеринбург – Душанбе, Душанбе – Иркутск – Душанбе, Душанбе – Қазон -Душанбе, Душанбе – Краснодар – Душанбе, Душанбе – Красноярск – Душанбе, Душанбе – Санкт-Петербург – Душанбе, Душанбе – Сочи – Душанбе, Хуҷанд – Қазон – Хуҷанд ва Хуҷанд – Санкт-Петербург – Хуҷандро манъ менамояд.

Гуфта мешавад, муҳлати амали иҷозатнома барои иҷрои парвозҳо дар хатсайри Хуҷанд-Москва-Хуҷанд ҳамчунин аз моҳи апрели соли ҷорӣ ба итмом мерасад.

«Хатсайрҳои Душанбе-Москва-Душанбе, Душанбе-Новосибирск-Душанбе, Хуҷанд-Новосибирск-Хуҷанд, Хуҷанд-Краснодар-Хуҷанд ва Кӯлоб-Москва-Кӯлоб бетағйир тибқи ҷадвали парвозҳо иҷро мегарданд», – омадааст дар маълумот.

Қайд мешавад, ки айни замон мутахассисони маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» мусофиронро аз манъи хатсайрҳои номбаршуда огоҳ месозанд. Маблағи чипта ба ҳама мусофирони хатсайрҳои мазкур дар нуқтаҳои хариди онҳо баргардонида мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки маълумот оид ба иҷрои хатсайрҳои манъшуда иловатан пешниҳод хоҳад шуд. Барои гирифтани маълумоти бештар мусофирон метавонанд ба маркази маълумотдиҳии ширкат бо рақамҳои 44-640-40-40, 44-640-40-49 ва 44-640-40-50 муроҷиат намоянд.

Дар анҷом ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз кулли мусофирон барои нороҳатии бамиёномада маъзарат хостааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.