Қадрдонии зодаи Тоҷикистон барои наҷоти одамон дар Кемерово

Date:

Раиси Кумитаи тафтишотии Россия Александр Бастрикин 31 март зимни боздид аз Кемерово зодаи Тоҷикистон Фарзон Салимов ва якчанд нафар қаҳрамонони дигари фоҷиаи маркази савдои «Зимняя вишняя»–ро қадрдонӣ намуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи тафтишотии Россия, А.Бастрикин дар Кемерово бо Фарзон Салимов, Александр Калачёв, Кристина Никитина ва Дмитрий Полухин, ки дар вазъияти фавқулода худро гум накарданд ва ҳаёташонро зери хатар гузошта, қаҳрамонии воқеӣ нишон доданд, алоҳида мулоқот намудааст.

«Корманди мағозаи пойафзолфурӯшӣ Фарзон Салимов ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба наҷот додани одамон аз бинои оташгирифта кумак расонд»,- гуфта мешавад дар хабарномаи Кумитаи тафтишотии Россия.

А. Бастрикин зимни супоридани мукофотҳо ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки «ин медалҳо – медалҳои ҷангӣ мебошанд ва шахсоне бо онҳо сарфароз гардонида мешаванд, ки шуҷоати воқеӣ нишон додаанд».

Раиси Кумитаи тафтишотии Россия ҳамчунин зикр намуд, ки дар мулоқот бо пайвандону наздикони қурбониён ваъда додааст, ки барои пайдо намудани ҳақиқату адолат ва ҷазо додани гунаҳкорон тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Фарзон Салимов зодаи пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе буда, кайҳо боз дар Кемерово кору зиндагӣ мекунад. Ӯ соли 2003 баъди хатми мактаб ба Россия рафтааст. Фарзон шаҳрванди Россия буда, ҳамроҳи ҳамсар ва се фарзандаш дар Кемерово зиндагӣ мекунад.

Ёдрас мешавад, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар Кемерово 64 нафар, аз ҷумла, 41 кӯдак қурбони сӯхтор гардидаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...