Вазорати нақлиёт: Вақти парвоз ба Маскав чун пешина шуд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон изҳор мекунад, ки давомнокии вақти парвоз бо хатсайри Душанбе – Маскав ва Маскав – Душанбе баъди гуфтушуниди мақомоти авиатсионии кишварҳо, ки санаи 4 апрел дар Маскав баргузор шуд, мисли пешин барқарор шуда, боз 3 соату 46 дақиқаро ташкил медиҳад. Ёдрас мекунем, ки қаблан бо қарори Росавиатсия муҳлати парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ зиёд […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон изҳор мекунад, ки давомнокии вақти парвоз бо хатсайри Душанбе – Маскав ва Маскав – Душанбе баъди гуфтушуниди мақомоти авиатсионии кишварҳо, ки санаи 4 апрел дар Маскав баргузор шуд, мисли пешин барқарор шуда, боз 3 соату 46 дақиқаро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан бо қарори Росавиатсия муҳлати парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ зиёд шуда, «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» зимни парвоз бояд аз дигар хатсайрҳои ҳавоии масофаашон нисбатан дарозтар истифода мекарданд.

Масалан, аз рӯи хатсайри нав муҳлати парвози ҳавопаймои ширкати тоҷикистонӣ то Маскав ба ҳисоби миёна – як соат (тахминан 5 соат мешавад) ва шаҳри Санкт-Петербург – тақрибан 40 дақиқа зиёд шуда буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, дар гуфтушуниди мақомоти авиатсионии кишварҳо натанҳо масъалаи шумори хатсайрҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва ҷадвали тобистонаи парвозҳо, балки давомнокии вақти парвозҳо низ баррасӣ шуд.

«Ҳамааш чун пешина барқарор шуд: ба ширкатҳои тоҷикистонӣ нуқтаҳои пешинаи вуруд/хориҷ барои хатсайрҳои мунтазам баргардонида шуд», – гуфт ӯ.

Зимнан илова шуд, ки ба ҷадвали мавсими тобистонаи парвозҳо 4 самти нав: Перм – Душанбе, Жуковский – Кӯлоб, Челябинск – Хуҷанд ва Краснодар – Хуҷанд илова шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.