Боздошти яке аз фаъолони «Гурӯҳи 24» дар Маскав

Дар шаҳраки Коммунаркаи Маскави Нав яке аз фаъолони ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» Зулфиқаҳҳор Холов боздошт шуд, хабар медиҳад портали TajInfo. Ба иттилои манбаъ, мақомоти пулис ӯро рӯзи 11 апрел боздошт намуда, санаи 12 апрел ба мақомоти прокуратура овардааст. Зулфиқаҳҳор Холов, яке аз фаъолони «Гурӯҳи 24» дар кори ин гурӯҳ фаъолона иштирок мекард. Аз соли 2014 […]

Asia-Plus

Дар шаҳраки Коммунаркаи Маскави Нав яке аз фаъолони ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» Зулфиқаҳҳор Холов боздошт шуд, хабар медиҳад портали TajInfo.

Ба иттилои манбаъ, мақомоти пулис ӯро рӯзи 11 апрел боздошт намуда, санаи 12 апрел ба мақомоти прокуратура овардааст.

Зулфиқаҳҳор Холов, яке аз фаъолони «Гурӯҳи 24» дар кори ин гурӯҳ фаъолона иштирок мекард. Аз соли 2014 то соли 2015 ӯ дар шаҳри Истанбул қарор дошт. Баъди қатли пешвои ҳаракат Умаралӣ Қувватов Туркияро тарк кард.

Айни замон маълум нест, ки боздошт бо дархости мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст ё мақомоти пулис бо дигар сабаб ӯро боздошт намудаанд, хабар медиҳад портал.

Ному насаби Холов таҳти №1309 дар рӯйхати «шахсони алоқаманд бо терроризм», ки моҳи марти соли 2018 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон нашр шуд, сабт гардидааст.

Ӯ соли 2015 баъди суханронӣ дар гирдиҳамойии «Гурӯҳи 24» дар Маскав, ки дар YouTube нашр шуд, маъруф шуд. Он замон ӯ ҳукумати Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор дода, изҳор намуда буд, ки ҳукумат ба муҳоҷирон чун ба сарчашмаи интиқоли пул, ки тиҷораташонро дастгирӣ мекунад, муносибат дошта, ба шароитҳои кору зиндагии онҳо дар мулки бегона таваҷҷуҳ зоҳир намекунад.

Баъдаи нашри рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон раиси Ҳаракат Суҳроб Зафар ва ҳаммаслаки ӯ Насим Шарипов санаи 19 март дар Туркия боздошт шуданд.

«Гурӯҳи 24» соли 2012 аз ҷониби соҳибкор Умаралӣ Қувватов баъди аз Тоҷикистон ба Туркия кӯчиданаш таъсис ёфта, соли 2014 алайҳи ҳукуатдорони Тоҷикистон як силсила чорабиниҳо баргузор намуд.

Пас аз ин Суди олии ҷумҳурӣ дар бораи дохил кардани гурӯҳ ба рӯйхати ташкилотҳои фаъолияташон манъшуда дар қаламрави кишвар хабар дод.

Роҳбари «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар Истанбул кушта шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио