Хадамоти муҳоҷират: ҷараёни муҳоҷирати корӣ ба Русия кам мешавад

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҷараёни муҳоҷирати корӣ аз ҷумҳурӣ ба Русия се фоиз кам шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, давоми се соҳи соли равон 109 ҳазору 53 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ ба дигар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҷараёни муҳоҷирати корӣ аз ҷумҳурӣ ба Русия се фоиз кам шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, давоми се соҳи соли равон 109 ҳазору 53 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ ба дигар кишварҳоро ихтиёр намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору 757 нафар камтар аст.

Гуфта мешавад, аз шумори умумии муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикисто 105 ҳазору 193 нафар ба ҳиссаи Русия ва беш аз 2,5 ҳазор нафар ба Қазоқистон рост меояд.

Дар Вазорат ҳамчунин қайд мекунанд, ки 84 ҳазору 955 нафар тоҷикистониён дар ин давра аз хориҷи кишвар ба ватан баргаштаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорат, тӯли се моҳи соли равон 927 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон соҳиби ҷойи кор шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 97 нафар камтар мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.