Ниёзи «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ба тахфифҳо дар фурудгоҳи Душанбе

Ширкати ҳавопаймоии ӯзбекистонии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» аз мақомоти авиатсионии Тоҷикистон пешниҳоди тахфифҳоро ба хизматгузориҳо дар фурудгоҳи Душанбе дархост намудааст. Ширкат зимни анҷоми парвоз бо хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд зиён мебинад. Ҳанӯз моҳи апрели соли 2017 раҳбарияти ширкат ба мақомоти авиатсионии Тоҷикистон бо дархости пешниҳоди тахфифҳои муайян ба хизматгузориҳо дар фурудгоҳи Душанбе муроҷиат намуд. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии ӯзбекистонии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» аз мақомоти авиатсионии Тоҷикистон пешниҳоди тахфифҳоро ба хизматгузориҳо дар фурудгоҳи Душанбе дархост намудааст. Ширкат зимни анҷоми парвоз бо хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд зиён мебинад.

Ҳанӯз моҳи апрели соли 2017 раҳбарияти ширкат ба мақомоти авиатсионии Тоҷикистон бо дархости пешниҳоди тахфифҳои муайян ба хизматгузориҳо дар фурудгоҳи Душанбе муроҷиат намуд.

«Аммо то ҳол аз онҳо посухе нарасидааст. Илова бар ин, аз 1 октябри соли гузашта тарифҳо барои хизматрасониҳо дар фурудгоҳи Душанбе қариб ба андозаи 20% зиёд шуданд», – иброз дошт ба «Азия-Плюс» роҳбари намояндагии ширкат дар Тоҷикистон Орифҷон Рӯзимуродов.

Таъкид шуд, ки ширкат тадриҷан нархи билетҳои ҳавопаймоиро ба хатсайри Тошканд – Душанбе аз 148 доллар то 80 доллар поин овард, то ки арзиши билет ба сатҳи музди меҳнати аксари аҳолӣ мувофиқат намояд.

Дар натиҷа ба ширкати ҳавопаймоӣ муяссар шуд, ки ба афзоиши шумори мусофирон ба андозаи ду баробар – қариб 60 нафар дар як парвоз ноил гардад.

«Дар ин робита мо ҳам умедвор будем, ки тарифҳо ба хизматгузориҳои фурудгоҳро поин мебаранд. Лекин ин кор сурат нагирифта, акнун ширкат маҷбур аст, ки парвозҳо ба Душанберо ба зиёни худ анҷом диҳад», – афзуд намояндаи ширкати ӯзбекистонӣ.

Сарфи назар аз ин, қайд кард Рӯзиматов, ширкат ният дорад, ки аз дигар шаҳрҳои Ӯзбекистон, аз ҷумла Самарқанду Бухоро низ ба Душанбе хатсайрҳои ҳавоӣ боз намояд.

Қобили зикр аст, ки «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» аз моҳи апрели сол гузашта баъди танаффуси 25-сола ба анҷоми парвозҳо тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд шурӯъ намуд. Айни замон тариқи ин хатсайр ҳафтае як маротиба (рӯзҳои шанбе) парвоз ба иҷро мерасад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.