Манбаъ: Собиқ раиси «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев боздошт шуд

Собиқ раиси бонки тиҷоратии мавриди барҳамдиҳӣ қарордошта шоми дирӯз аз ҷониби кормандони прокуратура боздошт ва айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт қарор дорад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаи боэътимод. Тибқи баъзе маълумот, ба боздоштшуда пешниҳоди айбномаҳо дар мавриди ғайриқонунӣ додани қарз, камомад ва азхудкунии маблағҳои «Тоҷпромбонк» (амонатгузорон) имкон дорад. «Тоҷпромбонк» феълан дар […]

Asia-Plus

Собиқ раиси бонки тиҷоратии мавриди барҳамдиҳӣ қарордошта шоми дирӯз аз ҷониби кормандони прокуратура боздошт ва айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт қарор дорад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаи боэътимод.

Тибқи баъзе маълумот, ба боздоштшуда пешниҳоди айбномаҳо дар мавриди ғайриқонунӣ додани қарз, камомад ва азхудкунии маблағҳои «Тоҷпромбонк» (амонатгузорон) имкон дорад. «Тоҷпромбонк» феълан дар марҳилаи анҷоми расмиёти барҳамдиҳӣ қарор дорад.

Қаблан зикр шуда буд, ки замони роҳбарӣ ба «Тоҷпромбонк» Зиёев воситаҳои ҷалбшудаи амонатгузоронро ба равнақи тиҷорати худаш равона мекардааст. Инро гӯё бо роҳи ба номи хешовандону наздиконаш ба расмият даровардани қарзҳо амалӣ мекардааст.

Дар ҳамин ҳол, масъулони анҷоми расмиёти барҳамдиҳии «Тоҷпромбонк» ба «Азия-Плюс» изҳор намуданд, ки дар бораи боздошти собиқ раиси бонк огаҳӣ надоранд. Онҳо қайд карданд, ки рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта Зиёев дар дафтари асосии кории бонк ҳузур дошт.

Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи ин маълумот алҳол тасдиқу инкор ё шарҳи расмӣ садо надодааст.

Ёдрас мекунем, ки иҷозатномаи «Тоҷпромбонк» охири моҳи феврали соли 2017 бозхонд шуда, аввали моҳи марти соли гузашта Суди иқтисодии Душанбе дар бораи оғози барҳамдиҳии муассиса қарор содир намуд. Ҷараёни барҳамдиҳӣ метавонад муддати ду сол идома ёбад. Дар сурати зарурат, қонунгузорӣ ба дароз шудани муҳлат боз ба як соли дигар бо қарори суд имкон медиҳад.

Бино ба маълумоти охир, айни замон 2070 шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ба «Тоҷпромбонк» ба маблағи умумии 266 млн. сомонӣ қарздоранд. Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 млн. сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Ҳаҷми умумии уҳдадориҳои бонк наздики 550 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти аз ҷониби ҳукумат интишоршуда, дар рӯйхати амволи «Тоҷпромбонк» 117 иншоот, аз ҷумла бинои асосии дафтари корӣ, 21 бинои филиалҳо, ҳамчунин хонаҳои истиқоматии сершумор, коргоҳҳои истеҳсолии хурд, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайра номнавис шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.