Беш аз 90 прапоршикҳо ба сафи Қушӯнҳои сарҳадӣ пайвастанд

Дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи тантанавӣ бо баровардани байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ ба беш аз 90 нафар хамткунандагони курсҳои махсуси прапоршики сертификатҳо супорида шуданд. Дар ин чорабинии тантанавӣ Фармондеҳӣ Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовини Фармондеҳ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, сардори Маркази таълимии «Пойтахт»-и […]

Иттилоияи расмӣ

Дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи тантанавӣ бо баровардани байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ ба беш аз 90 нафар хамткунандагони курсҳои махсуси прапоршики сертификатҳо супорида шуданд.

Дар ин чорабинии тантанавӣ Фармондеҳӣ Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовини Фармондеҳ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, сардори Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадӣ, намояндагони хадамоти сарҳадии Федератсия Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ, падарону модарон низ иштирок доштанд.

Зимни суханронии табрикӣ назди ҳозирин Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ қайд кард, ки маҳз ба шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзӣ имрӯз дар ҷомеаи мо сулҳу суббот пойдор гардида, мардум зиндагии осоишта доранд.

Дар навбати худ прапоршик Хоҷамуродов Диловар дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд кард, ки дар натиҷаи ғамхориҳои доимии роҳбарияти давлат сатҳи таъминоти моддиву техникӣ ва шароити иҷтимоии хизматчиёни низомӣ сол то сол беҳтар шуда, таъмиру азнавсозии Маркази таълимии имрӯза далели равшани ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва таҳкими низоми ҳифзи сарҳади давлатӣ мебошад.

Дар анҷоми маросими тантанавӣ аз ҷониби хатмкунандагон намудҳои машқҳои тан ба тан намоиш дода шуданд. Ҳайати шахсии Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо марши тантанавӣ аз назди меҳмонон гузаштанд.

Дар хотима ҳамчунин аз тарафи ансамбли ҳарбии «Марзбон»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба иштироккунандагон концерти идона намоиш дода шуд.

Хамткунандагони курсҳои прапоршики ҳамчун мутахассисони хурди соҳаи сарҳадӣ барои давом додани хизмати ҳарбӣ  ба тамоми ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ сафарбар карда мешаванд. Дар таълимгоҳи навбунёд аз рӯи 18 ихтисос, кадрҳои низомии ҷавон омода гардида ба бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.