Қатъи равуо ба Урганҷ баҳри таъмини амнияти Мирзиёев ва Бердимуҳаммадов

Дар шаҳри Урганҷи вилояти Хоразми Ӯзбекистон дар робита ба сафари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон равуо давоми ду рӯз қатъ шуд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, рӯзи 24 апрел Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ҳамтои туркманашро дар шаҳри Урганҷ пешвоз гирифт. "Духтари ман ҳамарӯза аз ноҳияи Хонкин ба шаҳри Урганҷ меравад, зеро дар онҷо […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар шаҳри Урганҷи вилояти Хоразми Ӯзбекистон дар робита ба сафари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон равуо давоми ду рӯз қатъ шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, рӯзи 24 апрел Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ҳамтои туркманашро дар шаҳри Урганҷ пешвоз гирифт.

"Духтари ман ҳамарӯза аз ноҳияи Хонкин ба шаҳри Урганҷ меравад, зеро дар онҷо таҳсил мекунад. Ду рӯз аст, ки вай ба хона баргашта наметавонад ва дар манзили ҳамдарсонаш шабро рӯз мекунад. Духтари ман дар коллеҷ таҳсил дорад. Вай тамос гирифту гуфт, ки тамоми рӯз дар кӯча истода, президентҳоро пешвоз гирифтаанд", – иброз доштааст як сокини ноҳияи Хонкини вилояти Хоразм.

Гуфта мешавад, донишҷӯён аз вилояти Хоразм хабар додаанд, ки роҳбарони мактабҳои олии вилоят ба донишҷӯён дарстур додаанд, ки соати 9 субҳ ба кӯчаҳои Урганҷ баромада, то 9 бегоҳ интизор шаванд.

Зикр мегардад, ки донишомӯзони донишгоҳҳои Урганҷ ва Хеваро дастур додаанд, ки ба пешвози президенти Туркманистон бо либоси махсус бароянд.

Ёдрас мешавад, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо сафари дурӯзаи давлатӣ 23 апрел вориди Ӯзбекистон шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.