Дар Душанбе мавсими мотосиклронӣ оғоз мегардад

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи «Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2018» қарор ба имзо расонид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ба клуби мототсиклронҳои «Ирбис МСС Тоҷикистон» барои баргузор намудани чорабиниии «Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2018» санаи 27 апрели соли 2018, аз соати 10:00 то соати 12:00 иҷозат дода шуд. Макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокчиён дар […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи «Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2018» қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ба клуби мототсиклронҳои «Ирбис МСС Тоҷикистон» барои баргузор намудани чорабиниии «Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2018» санаи 27 апрели соли 2018, аз соати 10:00 то соати 12:00 иҷозат дода шуд.

Макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокчиён дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» аз соати 10:00 то 11:00 муайян шуда, ҳаракати қатораи иштирокчиён бо мушоиати автомобилҳои роҳбонии шуъбаи БДА Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Карамов – хиёбони Рӯдакӣ, гардиш ба тарафи рост то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ – кӯчаи Бухоро, гардиш ба кӯчаи Бухоро – Турсунзода, гардиш ба тарафи рост – кӯчаи Шоҳтемур, ҳаракат то роҳи ҳалқавии гардиши ҶСК «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» ва баромад ба кӯчаи Дӯстии халқҳо то «Боғи «Ғалаба» ва нигоҳдории  ҷангал»-и шаҳрдории Душанбе сурат мегирад.

Ба сохторҳои дахлдори дастур дода шуд, ки ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилии тиббӣ» ва риояи Маромномаи сокини пойтахт зимни баргузории чорабинӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.