Ифтитоҳи хатсайри нави сайёҳии табобатию истироҳатӣ дар Айнӣ

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар ноҳияи Айнӣ хатсайри нави сайёҳии табобатию истироҳатӣ ташкил гардида, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ аз ин хатсайр, ки дар баробари мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ фарогири сайёҳати табобатию солимгардонӣ ва истироҳатии ноҳияи мазкур мебошад, боздид намуданд.  Ҳамзамон маркази табобатию солимгардонӣ, ки бо ташаббуси табиби халқӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ дар мавзеи Путхини […]

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар ноҳияи Айнӣ хатсайри нави сайёҳии табобатию истироҳатӣ ташкил гардида, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ аз ин хатсайр, ки дар баробари мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ фарогири сайёҳати табобатию солимгардонӣ ва истироҳатии ноҳияи мазкур мебошад, боздид намуданд. 

Ҳамзамон маркази табобатию солимгардонӣ, ки бо ташаббуси табиби халқӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ дар мавзеи Путхини ноҳияи Айнӣ бунёд ёфтааст, ба хатсайри нави сайёҳӣ шомил гардида, минбаъд ширкатҳои сайёҳии ватанӣ хизматрасонии онро ба сайёҳони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ташриф меоранд, пешниҳод месозанд.

Бояд зикр намуд, ки ноҳияи Айнӣ дорои табиати нотакрор буда, барои рушди туризми кӯҳӣ-варзишӣ ва туризми экологӣ мувофиқ мебошад. Дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳӣ зиёд буда, маъмултарини онҳо манораи Варзи Манор ва кули Искандаркул мебошанд, ки миёни сайёҳони хориҷӣ шуҳратманданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш инчунин аз хона-музей ва мақбараи шоир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дидан намуданд.

Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар самти афзун гардонидани шумули маконҳои сайёҳӣ ва ба вуҷуд овардани имконоти зарурӣ ҷиҳати қабули сайёҳони хориҷӣ барномаҳо таҳия намуда, чораҳои зарурӣ андешида истодааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.