Даъвати ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳамроҳ шудани БАТР

Тоҷикистон Бонки аврупоии таҷлиду рушд (БАТР)-ро ба иштирок дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун даъват намуд. Ин даъват аз ҷониби муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев дар вохӯрӣ бо намояндагони ин Бонк таҳти роҳбарии муовини президенти БАТР Юрген Тигторинг садо дод. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти БМТ, дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи […]

Тоҷикистон Бонки аврупоии таҷлиду рушд (БАТР)-ро ба иштирок дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун даъват намуд. Ин даъват аз ҷониби муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев дар вохӯрӣ бо намояндагони ин Бонк таҳти роҳбарии муовини президенти БАТР Юрген Тигторинг садо дод.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти БМТ, дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) ва Бонки ҷаҳонӣ дар Вашингтон дар вохӯрӣ ҳамчунин вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода низ ҳузур доштанд.

Зимни вохӯрӣ Ҷамолиддин Нуралиев қайд кард, ки барои Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои соҳаи гидроэнергетика ҳамчун афзалият қарор дорад.

Дар ин робита ӯ барои ширкати БАТР дар татбиқи лоиҳаи НБО “Роғун” ва таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар ин самт аз ҷониби БАТР даъват ба амал овард.

Қобили зикр аст, ки қаблан Тоҷикистон ният дошт, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғунро танҳо аз ҳисоби сармоягузориҳои дохилӣ, аз ҷумла фурӯши саҳмияҳои ҷамъияти саҳҳомии таъсисёфта ба аҳолии кишвар анҷом медиҳад.

Аммо муддати қариб ним сол ҷамъоварии ҳамагӣ наздики 900 млн. сомонӣ муяссар шуда, баъди ин зери фишори ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ лозим омад, ки ба ин таҷриба хотима дода шавад.

Ҳамасола барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз буҷети давлатӣ воситаҳо ҷудо мешаванд (ба ҳисоби миёна то 10% аз ҳаҷми умумии буҷет). Лекин ин ҳам кофӣ набуда, ҳукуматро лозим омад, ки барои ҷалби воситаҳои иловагӣ, вомбаргҳои давлатиро ба бозорҳои байнулмилалӣ ба фурӯш барорад. Соли гузашта чунин вомбаргҳо дар ҳаҷми 500 млн. доллар ба сармоягузорони хориҷӣ фурӯхта шуда, тамоми маблағ ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона шуд.

Вомбаргҳо аз ҷониби сармоягузорони ИМА (38%), Британияи Кабир (24%), кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (35%) ва Осиё (3%) харидорӣ шуданд. То соли 2025 ба қарздиҳандагон танҳо фоизҳо (7,1 фоизи солона) пардохта шуда, қарзи асосӣ се соли минбаъда (2025-2027) баргардонида мешавад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун 16 ноябри соли равон доир мегардад. Дар ин бора санаи 1 феврал роҳбари ширкати итолиёвии Salini Impregilo Пиетро Салини ба Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо Сарвари давлат итминон дод. Ширкати мазкур аз моҳи октябри соли 2016 ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун машғул аст.

Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун тибқи маълумоти пешакӣ, дар маҷмӯъ наздики 4 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст. Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст.

Сарбанди 335 метр гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин чунин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсол мекунад, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёдтар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.