Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар меҳмонхонаи «Хайят Риҷенси» дар Душанбе маросими муаррифии сомонаи Ассотсиатсияи баҳогузорони ҶТ доир мегардад. Оғоз соати 10:00; – Агентии омор дар мавзӯи «Низоми нави бозории иттилоотӣ «Тоҷстат» ва имконоти он» семинар барпо мекунад. Оғоз соати 09:00; – Дар суди шаҳри Душанбе шикояти таҷдиди назари парвандаи марги журналист Галим Фасхутдинов баргузор мешавад. Оғоз соати […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи «Хайят Риҷенси» дар Душанбе маросими муаррифии сомонаи Ассотсиатсияи баҳогузорони ҶТ доир мегардад. Оғоз соати 10:00;

– Агентии омор дар мавзӯи «Низоми нави бозории иттилоотӣ «Тоҷстат» ва имконоти он» семинар барпо мекунад. Оғоз соати 09:00;

– Дар суди шаҳри Душанбе шикояти таҷдиди назари парвандаи марги журналист Галим Фасхутдинов баргузор мешавад. Оғоз соати 10:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.9105 сомонӣ;

1 евро – 10.7167 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1407 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1949 – Дар ИҶШС гузориши нахустини телевизонӣ оид ба футбол аз варзишгоҳи «Динамо» доир гардид.

1946 – Ифтитоҳи варзишгоҳи «Динамо» дар Тоҷикистон.

2001 – Дар Душанбе Машварати 11-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) доир гардид.

2007 — Дар Тоҷикистон нахустин портали иттилоотӣ бо забони тоҷикӣ – www.varorud.tj ифтитоҳ гардид.

2008 — Дар Тоҷикистон созмони нави байнулмилалии ҷамъиятӣ – Ассотсиатсияи ВАО-и форсизабон «Афрӯз» сабти ном шуд.

2011 – Террористи №1, раҳбари «Ал-Қоида» Усама бен Ладен кушта шуд.

2014 — Дар Тоҷикистон Шӯрои миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушд таъсис дода шуд.

1903-1978 – Зодрӯзи аввалин коргардони ҳирфаии тоҷик, муассиси студияҳои кинои Душанбе ва Тошканд, Ҳунарманди халқии ИҶШС, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Комил Ярматов.

1911-1977 – Мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Ленин, раиси Кумитаи ҳамраъйӣ бо кишварҳои Осиёву Африқои ИҶШС Мирзо Турсунзода.

1915-1974 – Зодрӯзи олим-филолог, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон Носирҷон Маъсумӣ.

1928-2001 – Мавлуди академик, арбоби давлатӣ Акбар Махсумов.

1947 – Зодрӯзи Мақсуд Икромов, вакили ду даъвати Шӯрои Олии ҶТ (23-юми декабри соли 1997 ба ҳалокат расид).

1958 – Мавлуди журналист Алихон Зарифӣ.

1963-2002 – Зодрӯзи журналист ва овозхон Лидуш Ҳабиб.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +22+27; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +12+17.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +17+22.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ғарб баъзан борони кӯтоҳмуддат, дар шарқ аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +5+10, рӯзона +16+21; дар шарқ шабона -2-7, рӯзона +6+11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.  

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +22+27; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +15+20.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +25+27.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +274+29.   

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +19+21.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.