Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Date:

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи «Хайят Риҷенси» ба муносибати Рӯзи байнулмилалии озодии матбуот дар мавзӯи» Озодии баён: имконот ва дурнамо дар минтақа» конфронси байнулмилалӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 9:00;

– Дар «Душанбе-Плаза» намоиши онлайни муколами Ҳукумат дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ оид ба иҷрои уҳдадориҳо дар доираи Конвенсияи зидди шиканҷа доир мегардад. Оғоз соати 14:00;

– Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез» конфронси сатҳи баланд барпо мешавад. Оғоз соати 12:00;

– Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар кори маҷлиси навбатии солонаи Шӯрои мудирони Бонки осиёгии рушд, ки рӯзҳои 3-6 май дар Манила баргузор мешавад, иштирок мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.9105 сомонӣ;

1 евро – 10.7167 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1407 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот.

1862 – Ба Ҷамъияти забоншиносии рус луғати тафсирии забони русии Владимир Дал пешниҳод гардид.

2008 — Олим ва нависандаи тоҷик Абдуқодир Маниёзов дар Эрон даргузашт.

2012 — Суди олии Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳи «Ҷамоати Ансоруллоҳ»-ро дар қаламрави кишвар расман манъ кард. Созмон ифротгаро ва террористӣ эътироф гардид.

1901-1967 – Зодрӯзи шоир Муҳаммадҷон Раҳимӣ.

1938 – Мавлуди оҳангсоз ва мусиқашинос, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Муборакшо Ҷумъаев.

1949-2004 – Зодрӯзи файласуф Фатҳиддин Сироҷов.

1954 – Мавлуди собиқ роҳбари «Тоҷикгаз» ва раиси Ҳизби демократ Маҳмадрӯзӣ Искандаров.

1961 – Мавлуди раққоса, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Саида Файзалиева.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +12+17.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +22+27; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +16+21.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ғарб баъзан борони кӯтоҳмуддат, дар шарқ боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +18+23; дар шарқ шабона -1-6, рӯзона +6+11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.  

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +19+24; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +11+16.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +21+23.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +25+27.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +20+22.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...