Таъсиси Хадамоти ташрифоти президенти Тоҷикистон

Дар назди Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Хадамоти ташрифоти Президенти Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба таъмини баргузории чорабиниҳо бо иштироки президент ва аъзои оилаи ӯ дар дохил ва хориҷи кишвар машғул мешавад. Ғайр аз ин, Хадамоти ташрифот ба ташкили чорабиниҳо таҳти раёсати президент, ҳамчунин чорабиниҳои ташкилмешуда аз ҷониби мақомоти машваратӣ ва тавсиявии назди президенти Тоҷикистон […]

Дар назди Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Хадамоти ташрифоти Президенти Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба таъмини баргузории чорабиниҳо бо иштироки президент ва аъзои оилаи ӯ дар дохил ва хориҷи кишвар машғул мешавад.

Ғайр аз ин, Хадамоти ташрифот ба ташкили чорабиниҳо таҳти раёсати президент, ҳамчунин чорабиниҳои ташкилмешуда аз ҷониби мақомоти машваратӣ ва тавсиявии назди президенти Тоҷикистон бо дастури ӯ низ машғул хоҳад шуд.

Муқаррароти Хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Хадамоти ташрифоти президенти Тоҷикистон бо фармони сарвари давлат аз 16 апрели соли равон тасдиқ шудааст.

«Хадамот ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳоро вобаста ба татбиқи Муқаррароти умумии ташрифоти давлатии Тоҷикистон дар омода намудани қисмати тадорукотиву ташрифотии чорабиниҳо бо иштироки Президенти Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ дар дохили Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он ба амал мебарорад», – гуфта мешавад дар санади тасдиқшуда.

Қайд мешавад, ки муқаррароти Низомнома ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ низ татбиқ мегарданд.

Хадамот воҳиди сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон буда, ба Президенти Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.

«Дахолати дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба фаъолияти Хадамот манъ аст», – қайд мегардад дар Муқаррароти Хадамоти таъсисёфта.

Сохтори Хадамоти нав аз сардор ва муовини ӯ, шуъбаи сафарҳои президент, шуъбаи қабули ҳайатҳо ва чорабиниҳо, ҳамчунин шуъбаи тарҷумонӣ иборат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.