Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз кор озод кардани се судя фармон ба имзо расонид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мувофиқи фармони Президент Ғуломзода Маҳмуд Худойназар аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод шуд.
Гуфта мешавад, Воситзода Анвар аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд ва Исозода Мухтор аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе озод шудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки судяҳо бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз маенсаб сабукдӯш шудаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.


