Дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар доираи амалисозии барномаи тавсеаи шабакаи парвозҳои худ иҷрои хатсайрҳои чартерии мустақимро аз Душанбе ба Анталия (Туркия) оғоз намуд.
Фармоишгари хатсайри мазкур ширкати сайёҳии “КОМПАС” буда, намояндаи ширкати мазкур дар бозори сайёҳӣ – ҶДММ «Transavia Express» мебошад. Парвозҳо дар хатсайри мазкур як маротиба дар даҳ рӯз иҷро мешаванд.
Парвози нахустин дар хатсайри Душанбе-Анталия санаи 1-уми июл иҷро гардида, 180 нафар мусофирон интиқол дода шуданд. Ҳамаи парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва 900 сурат мегиранд. Вақти парвоз аз Душанбе ба Анталия 5 соатро ташкил медиҳад.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Дар маросими ифтитоҳи хатсайр дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Томас В. Ҳаллам II, мусофирон ва намояндагони васоити ахбори оммаро хайрамақдам гуфта, изҳор дошт:
«Аз роҳандозии боз як хатсайри нав хеле сарфарозем ва қайд менамоем, ки шаҳри истироҳатию зебоманзари Анталия дар таърихи авиатсияи граждании Тоҷикистон бори нахуст ҳамчун самти парвоз интихоб гардидааст”.
Зиёда аз ин хотиррасон мекунем, ки аз моҳи майи соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро дар самти Душанбе-Истанбул то се хатсайр дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе зиёд карда вақти парвозро тағйир дод. Барои бароҳатии бештари мусофирон аз 18-уми май вақти парвоз аз Душанбе ва аз Истанбул тағйир дода шуд. Акнун вақти парвоз аз Душанбе соати 05:30 ва аз Истанбул ба Душанбе соати 21:30 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.
Ҷадвали мазкур ба тоҷирон имкон медиҳад субҳ ба Истанбул парвоз намуда, як рӯзашонро ба манфиат гузаронанд ва субҳи дигар боз ба Душанбе баргарданд. Дӯстдорони саёҳат метавонанд рӯзҳои истироҳатиро истифода намуда, дар муддати 3 рӯз тамоми зебогиҳои Истанбулро тамошо кунанд ва ба Душанбе дар рӯзи аввали ҳафтаи корӣ баргарданд.
Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, ки тирамоҳи соли гузашта аъзои ИАТА гаштааст, парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро намояд. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.


