Ҳавопаймои раҳсипор ба Хуҷанд ба Маскав баргашт

Бо сабаби ноқисиҳои техникӣ (герметизация) ҳавопаймои хатсайри Маскав – Хуҷанд таъҷилан ба фурудгоҳи Домодедово баргашт, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба як манбаъ дар хадамоти фаврӣ. «Бо сабаби нуқси техникӣ ҳавопаймои ширкати Tajik Air, ки аз Маскав ба Душанбе парвоз мекард, сӯзишвориашро сарф карда, дар Домодедово фуруд омад», – иброз доштааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ. Бино ба […]

Бо сабаби ноқисиҳои техникӣ (герметизация) ҳавопаймои хатсайри Маскав – Хуҷанд таъҷилан ба фурудгоҳи Домодедово баргашт, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба як манбаъ дар хадамоти фаврӣ.

«Бо сабаби нуқси техникӣ ҳавопаймои ширкати Tajik Air, ки аз Маскав ба Душанбе парвоз мекард, сӯзишвориашро сарф карда, дар Домодедово фуруд омад», – иброз доштааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ҳавопаймои Boeing 737-300 ширкати Tajik Air соати 01:03 ба вақти Маскав парвоз карда, бо худ 141 нафар мусофир дошт.

Дар портали Flightradar24.com ҳавопаймои ин хатсайр бо ранги сурх – дар ҳолати фавқулода қарордошта зикк гардида буд.

Гуфта мешавад, ҳавопаймо дар фазои болои вилояти Рязан бозпас ба Маскав бармегардад ва сипас барои сарфи сӯзишворӣ дар фазо чарх мезанад. Ҳавопаймо соати 04:18 ба вақти Маскав ба Домодедово баргаштааст.

Аз рӯи ин далел алҳол ба «Азия-Плюс» муяссар нашуд, ки бо Tajik Air дар тамос шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.