Шонаи нархаш 300 сомонӣ дар Истаравшан бо гувоҳномаи ЮНЕСКО

Шурӯъ аз гузаштагони ин оила муддати 150 сол сол аст, ки хонаводаи онҳо ба ин касб машғуланд. Устои шонасоз аз Истаравшан Содиқ Зарипов муддати 30 сол аст, ки касби хонаводагиро идома дода, шонаҳоро аз чӯб тайёр мекунад. Ин касб ба ӯ ҳанӯз аз бобокалонаш усто Иноят мерос мондааст. «Сирри комёбиамон дар он аст, ки мо […]

Asia-Plus

Шурӯъ аз гузаштагони ин оила муддати 150 сол сол аст, ки хонаводаи онҳо ба ин касб машғуланд.

Устои шонасоз аз Истаравшан Содиқ Зарипов муддати 30 сол аст, ки касби хонаводагиро идома дода, шонаҳоро аз чӯб тайёр мекунад. Ин касб ба ӯ ҳанӯз аз бобокалонаш усто Иноят мерос мондааст.

«Сирри комёбиамон дар он аст, ки мо аз кадом навъи чӯб сохтани шонаи навъи хубро медонем: аз чӯби чормағз, зардолу, нок, себ ва ғайра. Барои ман як нигоҳ кофист, ки хусусияти мӯи сари харидорро муайян кунам. Барои шахсони дорои муйҳои хушк шонаҳо аз чӯби чормағз ва барои мӯйҳои равғанӣ бошад, шонаҳо аз чӯби зардолуро пшниҳод мекунам. Албатта, сирҳои дигар низ ҳастанд», – табассум мекунад усто Содиқ.

Шонаҳои сохтаи ӯ, ки нархашон то 300 сомонӣ мерасад, бо гувоҳномаи Нишони сифати ЮНЕСКО (Ташкилоти СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг) қадрдонӣ шудааст.

Гузориши мазкур дар доираи лоиҳаи «Салом соседи!» (Салом ҳамсояҳо омода шуд. Муътақидем, ки ҳар қадр бештар одамон аз забони худ дар бораи ҳамдигар маълумот гиранд, ҳамон қадр онҳо якдигарро хуб дарк кардаву эҳсос мекунанд ва то ба ҳамин андоза ба баҳсу низоъҳои бемаънӣ кашидани онҳо душвортар мешавад. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи «Салом соседи!» (Салом ҳамсояҳо) мо дар бораи одамони аҷиби кишварҳо, расму оин ва фарҳанги онҳо, ҳамчунин ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногун маълумот хоҳем дод. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Агар шумо ҳам чизе гуфтаниву намоиш доданӣ бошед, пас бо суроғаҳои зерин бо мо дар тамос шавед: [email protected]@asiaplus.news ва [email protected].

Ҳадафи роҳандозии лоиҳаи мо ба ҳамдигар боз ҳам наздику қаринтар кардани сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон тариқи наворҳои кӯтоҳи видеоӣ аст, ки ҳар яке метавонад аз онҳо барои худ чизи муфиде пайдо кунад.

Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ – Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст,  шумо метавонед  ҳамеша дар алоқа бошед!

Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар,  ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст!

Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.