СММ ба КҲФ таҷҳизоти нави нави ҷустуҷӯиву наҷот тақдим кард

Воҳидҳои вокуниши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди Ҳукумати Тоҷикистон соҳиби таҷҳизоти нави нави ҷустуҷӯиву наҷот шуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, таҳвили техника дар доираи татбиқи минбаъдаи Ёддошти тафоҳуми имзошуда дар моҳи майи соли 2017 миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ҷаҳонии […]

Asia-Plus

Воҳидҳои вокуниши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди Ҳукумати Тоҷикистон соҳиби таҷҳизоти нави нави ҷустуҷӯиву наҷот шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, таҳвили техника дар доираи татбиқи минбаъдаи Ёддошти тафоҳуми имзошуда дар моҳи майи соли 2017 миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Гуфта мешавад,  байни таҷҳизоте, ки ба Кумита таҳвил гардид, асбобҳои равшанидиҳанда, барномаи таъминотии «ArcGIS» барои нақшабардории қитъаҳои хатарнок, дастгоҳҳои худпарвози бесарнишин барои ба даст овардани иттилоъи саривақтӣ ва диқиқ дар бораи ҳолати системаи табиӣ-саноатӣ, бахусус дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва қабули қарори саривақтӣ ва пешгирии ҳолатҳои гуногуни фавқулодда мавҷуданд.

«Дар маросими таҳвили техника Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Директори кишварии Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон Паоло Маттеи ва дигар роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ҳузур доштанд», – омадааст дар маълумоти Кумита.

Қайд мешавад, ки сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда зимни суханронии худ ба ҷаноби Маттеи барои таҳвили техника изҳори ташаккур намуд ва қайд кард, ки ин техника бешак барои наҷоти ҳаёти одамони зиёд мусоидат мекунад ва заҳмати наҷотдиҳандагонро осон мегардонад.

Зимнан зикр мегардад, ки баъди суханронии ҷонибҳо маросими имзои санади таҳвили техника баргузор шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.