Душанбе: маршруткаҳои «резинӣ» ва аз меъёр зиёди пур аз мусофирон

Ҳукуматдорони пойтахт чандин сол аст, ки ба ҳалли мушкилоти нақлиёти ҷамъиятӣ камар баста, лекин кори ин навъи нақлиёт танҳо дар марказ муътадил ба назар мерасад. Аз оғози баҳор арзиши равуо дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе боло рафта, кортҳои нақлиётӣ ва қоидаҳои нав ҷорӣ шуданд: нақлиёт бояд танҳо дар истгоҳ таваққуф намуда, мувофиқи ҷойи нишаст мусофир гирад. […]

Asia-Plus

Ҳукуматдорони пойтахт чандин сол аст, ки ба ҳалли мушкилоти нақлиёти ҷамъиятӣ камар баста, лекин кори ин навъи нақлиёт танҳо дар марказ муътадил ба назар мерасад.

Аз оғози баҳор арзиши равуо дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе боло рафта, кортҳои нақлиётӣ ва қоидаҳои нав ҷорӣ шуданд: нақлиёт бояд танҳо дар истгоҳ таваққуф намуда, мувофиқи ҷойи нишаст мусофир гирад. Вақтҳои аввад ҳама гӯё ин навгониро риоя мекарданд, лекин маълум шуд, ки начандон ба муддати зиёд…

Айни замон сарфи назар аз таътили толибилмони мактабҳову донишҷӯён, мисли пешин аз соати 7:00 то 8:00-и субҳ тамоми навъҳои нақлиёти ҷамъиятӣ пур аз мусофирон аст, зеро мардум ба кор мераванд. Шомгоҳон, мувофиқи мушоҳидаҳои мо, аз мусофирон пур будани нақлиёт бештар ба кам шудани шумори нақлиёти ҷамъиятӣ вобаста аст, ки аксаран нақлиётро дар истгоҳҳо манъ намекунанд.

Намояндагони бахши нақлиёти мақомоти шаҳрдории пойтахт итминон медиҳанд, ки шумори нақлиёти ҷамъиятӣ кофӣ ва ҳатто барзиёд аст.

Қоидаҳои муқарраршуда танҳо дар хиёбониҳои Рӯдакӣ ва Айнӣ риоя шуда, дар қисмати зиёди боқимондаи шаҳр онро сарфи назар мекунанд.

Алҳол бошад, нақлиёти ҷамъиятии аз меъёр зиёди пур аз мусофирон бо вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ куҷое хоҳад, воситаи нақлиётро манъ мекунад ва мусофиронро на аз рӯи ҷойи нишаст, балки то тамба шудани дохили он савор мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.