Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев табдили номи кӯчаи Фурманов дар Алмааторо ба ифтихори худаш шарҳ дод, хабар медиҳад Tengrinews.kz. Порчае аз мусоҳиба бо намояндагони васоити ахбори умуми ватанӣ дар Facebook гузошта шуд.
«Чанде қабл ба ман мактубе расид, ки дар он гуфта мешавад, чун Назарбоев пойтахтро бунёд кард, пас дигар ба ӯ муҷассамаҳои сангӣ лозим нестанд. Ман комилан ҳамфикри ӯ мебошам», – қайд кард президенти Қазоқистон.
«Ман ҳамеша мухолифи ин кор ҳастам. Номгузории ягонаро ман ба донишгоҳ розӣ шудам (донишгоҳи Назарбоев), то ки ҳама дастгирӣ кунанд, ҳам ҳукумат ва ҳам кишвар. Ин муасисаи таълимии хеле пешрафта аст, ки барои дигар донишгоҳҳо намунаи ибрат мебошад».
«Дигар ҳама қарорҳои ҳукумати маҳаллӣ аст. Албатта, ман метавонам бо фармони худ ин корро манъ кунам. Ман ҳозир ба ҳамаи қазоқистониҳо мегӯям, ки ин кор лозим нест. Дар таърих бо хизмату амалҳо хуб боқӣ мондан даркор аст. На бо ҳаёти дарозмуҳлату кадом як муҷассама».