Маблағи ҷамъшудаи садақаи фитр 40 млн. сомониро ташкил дод

Раисони шӯроҳои маҳаллӣ ба маблағи умумии беш аз 40 млн. сомонӣ (4,3 млн. доллар) садақаи фитр ҷамъоварӣ намуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ. “Зиёда за 40 млн. сомонӣ маблағи умумии ҳамаи хайрия мебошад, ки ба он ҳам пули нақд ва ҳам дигар навъҳои хайрия дохил мешаванд. Масалан, касе ба […]

Asia-Plus

Раисони шӯроҳои маҳаллӣ ба маблағи умумии беш аз 40 млн. сомонӣ (4,3 млн. доллар) садақаи фитр ҷамъоварӣ намуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ.

“Зиёда за 40 млн. сомонӣ маблағи умумии ҳамаи хайрия мебошад, ки ба он ҳам пули нақд ва ҳам дигар навъҳои хайрия дохил мешаванд. Масалан, касе ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ дар маҳалла корҳои ободкунӣ гузаронд, дигарӣ ба оилаи эҳтиёҷманд бо маҳсулоти хӯрокворӣ ёрӣ расонд”, – гуфт ҳамсуҳбат.

Бино ба гуфтаи манбаъ, пулҳои нақд, ки аз ҷониби шӯроҳои маҳаллӣ ҷамъоварӣ шуд, байни оилаҳои камбизоат тақсим шуда, ҳамчунин барои таъмири роҳҳо ва хатҳои таъмини оби нӯшокӣ истифода шуданд.

“Тақсими воситаҳоро комиссияи махсус аз ҳисоби имомхатибон ва фаъолони деҳот зери назорат доштанд”, – иброз дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки Шӯрои уламои Тоҷикистон соли равон ҳаҷми садақаи фитрро барои як кас 5 сомонӣ дар тамоми моҳи Рамазон муқаррар намуд. Пеш аз Иди Рамазон Кумита изҳор дошт, ки сокинони Тоҷикистон бо хоҳиши худ садақаи фитрро метавонанд ба раисони шӯроии маҳаллаҳои худ ё имомхатибон супоранд.

Дар Кумита зикр карда буданд, ки пешниҳоди ба раисони маҳалла ё имомхатибон супурдани садақаи фитр аз ҷониби ҳукумат расидааст, ки баъди муроҷиати сокинони ҷумҳурӣ, ки намедонистаанд садақаи фитрро ба кӣ диҳанд, рӯйи кор омадааст.

Ба назар гирифта шудааст, ки раисони маҳалла ва имомхатибон сокинони маҳалли худро хуб шинохтаву аз вазъи зиндагиашон огаҳанд ва рӯйхати шахсони камбизоату эҳтиёҷмандро дар даст дошта, ба онҳо кумак мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.