Ба шаҳри Хуҷанд 25 автобуси истеҳсоли Русия ворид шуд

Бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд», ки бо маблағгузории Бонки аврупоии таҷдиду рушд амалӣ хоҳад шуд, ба маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд 25 адад автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия ворид карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин бора зимни машварати кории раиси вилоят […]

Бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд», ки бо маблағгузории Бонки аврупоии таҷдиду рушд амалӣ хоҳад шуд, ба маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд 25 адад автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия ворид карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин бора зимни машварати кории раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, ки чанде пеш дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки муовинони Раиси вилоят, сардори Раёсати ВКД дар вилоят, роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва масъулини соҳаи нақлиёт доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Раиси вилоят дар машварат ба масъулини соҳаи нақлиёт ва комуникатсия ҷиҳати истифодаи самараноки автобусҳои воридшуда ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сипас, Раиси вилоят ба Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд» ташриф оварда, автобусҳои воридшударо мавриди назар қарор дод. Тавре иттилоъ дода шуд, бо амалишавии пурраи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» ба маркази вилоят дар маҷмӯъ 100 адад автобус ворид карда мешавад ва дар марҳилаи аввал 25 автобус оварда шуд.

Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ва харидорӣ шудани нақлиёти мусофиркашон ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва аз байн бардоштани мушкилоти мавҷуда мусоидат хоҳад кард.

Автобусҳои воридкардашуда ҷавобгӯи талаботи замони муосир буда, ҳар як автобус дар як вақт метавонад беш аз 70 мусофирро ба манзил бирасонад. Тибқи иттилои масъулин автобусҳо дар 10 хатсайр ҳаракат мекунанд.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати қароргоҳи автобусҳо, муҳайё намудани шароит барои муоинаи техникии чунин навъи нақлиёт, ҷалби ронандагони ботаҷриба ба кор ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ супоришҳои мушаххас дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.