Прокуророни генералии кишварҳои ИДМ дар Душанбе гирдиҳам меоянд

Ҷаласаи навбатии 28-уми Шӯрои ҳамоҳангсози прокуророни генералии кишварҳои узви ИДМ санаи 20 сентябри соли 2018 дар Душанбе доир мегардад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон. Бино ба иттилои манбаъ, ҷаласа таҳти раёсати прокурори генералии Русия Юрий Чайка баргузор шуда, дар он аз иштироки прокуророни генералии 9 давлат – Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҷаласаи навбатии 28-уми Шӯрои ҳамоҳангсози прокуророни генералии кишварҳои узви ИДМ санаи 20 сентябри соли 2018 дар Душанбе доир мегардад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷаласа таҳти раёсати прокурори генералии Русия Юрий Чайка баргузор шуда, дар он аз иштироки прокуророни генералии 9 давлат – Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон интизорӣ меравад.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳо байни мақомот, табодули маълумоти зарурӣ ва таҷрибаи корӣ, ҳамчунин тайёр кардани кадрҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

“Варианти ниҳоии рӯзномаи вохӯрии прокуророни генералии кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе мавриди таҳия қарор дорад”, – илова кард манбаъ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.