Нахустин машқҳои муштараки сарҳадбонони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Дар мавзеи пайвасти сарҳадҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Афғонистон дар ноҳияи Шаҳритӯс таҳти унвони «Ҷайҳун 2018» бори нахуст машқҳои низомии муштараки сохторҳои қудратии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, ҳадафи асосии баргузории тамринҳои муштарак таҳкими ҳифзи марз бо Афғонистон бо назардошти вазъ дар ин кишвар, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар мавзеи пайвасти сарҳадҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Афғонистон дар ноҳияи Шаҳритӯс таҳти унвони «Ҷайҳун 2018» бори нахуст машқҳои низомии муштараки сохторҳои қудратии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, ҳадафи асосии баргузории тамринҳои муштарак таҳкими ҳифзи марз бо Афғонистон бо назардошти вазъ дар ин кишвар, ҳамчунин пешгирии таҳдидҳои беруна барои Тоҷикиситону Ӯзбекистон, ҳамоҳанг сохтани амалҳои муштарак байни сарҳадбонони кишварҳо дар амал аст.

Бино ба гуфтаи ӯ, ба ин машқҳо воҳидҳо ва захираҳои Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ва Қушӯнҳои сарҳадии Ӯзбекистон, якчанд адад техникаи автомобилӣ ва зиреҳпӯш, авиатсияи ҳарбӣ-нақлиётӣ, қаиқҳои сарҳадии посбонӣ сафарбар шуданд.

Дар ҳамин ҳол, дар вохӯрии фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо ҳамтои ӯзбеки худ Руслан Мирзоев дар Душанбе дурнамои ҳамкории минбаъдаи дуҷониба байни мақмот, беҳбуди фаъолияти гузаргоҳҳои марзӣ, кори марзбонон оид ба ҳифзи сарҳади давлатӣ, табодули маълумот, таҳкими мубориза бо таҳдидҳо муосир ва ғайра баррасӣ шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди фармондеҳони Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон байни мақомот Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.