Эмомалӣ Раҳмонро дар Тошканд шахсан Шавкат Мирзиёев истиқбол кард

Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон рафт, дар Фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Тошканд шахсан Президденти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев истиқбол гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарварли давлат, дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби аъзои ҳукумат, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо, соҳибкорон ва […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон рафт, дар Фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Тошканд шахсан Президденти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев истиқбол гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарварли давлат, дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби аъзои ҳукумат, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо, соҳибкорон ва аҳли ҳунару фарҳанг ҳамроҳӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд аз маросиси гулчанбаргузорӣ назли пояи муҷассамаи Истиқлолият дар Тошканд оғоз гардида, сипас дар қароргоҳи президенти Ӯзбекистон «Куксарой» гуфтушуниди ба истилоҳ «як ба як»-и сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад.

Баъди анҷоми ин гуфтушунид маросими баимзорасии бастаи нави санадҳои ҳамкориҳои дуҷониба баргузор мешавад. Дар маҷмӯъ, байни ду кишвар имзои ҳудуди 23 санад ва созишномаҳои ҳамкорӣ дар назар аст.

Нимаи дуюми имрӯз сарони кишварҳо Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон таҳти унвони «Истеҳсоли Тоҷикистон» боздид намуда, сипас бо фаъолияти корхонаи «Artel» шинос мешаванд.

Шоми имрӯз сарони ҳарду кишвар дар Кохи форумҳои «Ӯзбекистон» дар консерти пуршукӯҳи ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистону Ӯзбекистон – «Шоми дӯстӣ» ширкат меварзанд. Шабакаи телевизионии «Ӯзбекистон 24» доир ба сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар пахши мустақим намоиш медиҳад.

Нимаи аввали рӯзи 18 август Эмомалӣ Раҳмон дар Тошканд бо раиси палатаи поёнии парлумони Ӯзбекистон Нуриддин Исмоилов ва сарвазири ин кишвар Абдулло Орипов дидору гуфтушунид мекунад.

Баъдан Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Тошканд ба шаҳри Самарқанд рафта, бо ёдгориҳои таърихии ин шаҳри кӯҳанбунёд аз наздик ошно мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.