Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар ҷойи нав

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 сентябр дар маросими гузоштани муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар назди бинои таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон иштирок мекунад. Дар робита ба оғози корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингард ба самти дарвозаҳои ғарбии Душанбе баҳори соли равон, тасмим гирифта шуд, ки  муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, ки соли 1984 дар маҳаллаи Қарияи […]

Аваз Юлдошев

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 сентябр дар маросими гузоштани муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар назди бинои таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон иштирок мекунад.

Дар робита ба оғози корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингард ба самти дарвозаҳои ғарбии Душанбе баҳори соли равон, тасмим гирифта шуд, ки  муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, ки соли 1984 дар маҳаллаи Қарияи Боло қомат афрохта буд, ба ҷойи дигар кӯчонида шавад. Дар ҷойи муҷассама гузаргоҳи зеризаминӣ сохта мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, пас аз анҷоми маросим Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дарси сулҳ мегузаронад, ки ба он намояндагони ҳамаи мактабҳои олии пойтахт даъват шудаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, соли хониши 2018-2019 ҳудуди 240 ҳазор нафар кӯдакони ҷумҳурӣ бори аввал пой ба остонаи мактаб мегузоранд. Соли гузашта ин рақам 235 ҳазор нафарро ташкил медод.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 3870 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, 1 млн. 906 ҳазор нафар дар онҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.