Ҳайкали велосипед дар Данғара ба хотири ёдбуди сайёҳони фавтида

Ширкати “Рахш Такси” ба хотири ёдбуди сайёҳони хориҷии фавтида дар Тоҷикистон рӯзи 25 август таҳти унвони “Тоҷикистониён бо шумоянд” веломарафон ташкил мекунад. Дар веломарафон ҳамаи хоҳишмандон иштирок карда метавонанд. Ҷамъшавӣ ва қайди иштирокчиён соати 7:00 дар автобазаи “Талко Персия” (дафтари кории “Рахш Такси”) баргузор мешавад. Тӯли тамоми роҳ велосипедрононро қатораи автомашинаҳои ширкати “Рахш Такси”, мошини […]

Asia-Plus

Ширкати “Рахш Такси” ба хотири ёдбуди сайёҳони хориҷии фавтида дар Тоҷикистон рӯзи 25 август таҳти унвони “Тоҷикистониён бо шумоянд” веломарафон ташкил мекунад.

Дар веломарафон ҳамаи хоҳишмандон иштирок карда метавонанд. Ҷамъшавӣ ва қайди иштирокчиён соати 7:00 дар автобазаи “Талко Персия” (дафтари кории “Рахш Такси”) баргузор мешавад.

Тӯли тамоми роҳ велосипедрононро қатораи автомашинаҳои ширкати “Рахш Такси”, мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ва кормандони БДА ҳамроҳӣ мекунанд.

Дастандаркорони чорабинӣ ваъда медиҳанд, ки дар Данғара иштирокчиёни веломарафонро оши палави хушлаззат ва дигар зиёфатҳо интизор аст.

Дар ин рӯз ба хотири ёдбуди сайёҳони хориҷии фавтида дар амали террористӣ дар ҷумҳурӣ, дар Данғара ҳайкали велосипед гузошта мешавад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29 июл дар қаламрави ноҳияи Данғара ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла сурат гирифта, дар натиҷа чор нафари онҳо – ду шаҳрванди ИМА, як шаҳрванди Нидерланд ва як шаҳрванди Швейтсария ҳалок ва боз ду сайёҳи дигар захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.