Содироти меваҳои ситрусӣ зиёду маҳсулоти полезӣ кам шуд: ба худамон намерасад

Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 101 ҳазору 438 ҳазор тонна меваҳои гуногун ҷамъоварӣ шуд, ки нисбат ба соли гузашта 31,2% зиёдтар аст. Бино ба иттилои, сардори Раёсати омори кишоварзӣ ва экологияи Агентии омор Зафар Хоҷаев, дар ин давра 1 ҳазору 839 тонна ангур,  8,1 ҳазор тонна себ ва 71,5 ҳазор тонна ҳосили зардолу гирифта […]

Акмал Маннонов, Asia-Plus

Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 101 ҳазору 438 ҳазор тонна меваҳои гуногун ҷамъоварӣ шуд, ки нисбат ба соли гузашта 31,2% зиёдтар аст.

Бино ба иттилои, сардори Раёсати омори кишоварзӣ ва экологияи Агентии омор Зафар Хоҷаев, дар ин давра 1 ҳазору 839 тонна ангур,  8,1 ҳазор тонна себ ва 71,5 ҳазор тонна ҳосили зардолу гирифта шудааст, ки ҳосили себу зардолу нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 22% зиёдтар мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, давоми 6 моҳи соли равон аз Тоҷикистон аз ҳама бештар меваҳои ситрусӣ – 103 тонна ба хориҷи кишвар содирот шудааст. Соли гузашта дар ин давра 35 тонна лимӯ содирот гардида буд.

“Ҳамчунин аз оғози сол 523,1 тонна ангур (ҳамин давраи соли 2017 – 331 тонна), 54,4 тонна маҳсулот полезӣ (266,8 тонна), 56,1 тонна себу нок (25,4 тонна), 5,8 ҳазор тонна (соли гузашта 4,6 ҳазор тонна) меваҳои донакдор (зардолу, гелос, олу), 9 ҳазору 211 тонна хушкмева (13 ҳазору 525 тонна) ба хориҷи кишвар содирот шуд”, – изҳор дошт Хоҷаев.

Қобили зикр аст, ки имсол бар асари гармии зиёд аз маҳсулоти полезӣ дар Тоҷикистон ҳосили начандон хуб ба даст омад ва ин ба болоравии нархи онҳо дар ҷумҳурӣ боис шуд.

Мебояд гуфт, имсол болоравии нархи тарбуз натанҳо дар Тоҷикистон, балки қариб дар ҳамаи кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сурат гирифт. Коршиносони Украина ва Озарбойҷон сабаби болоравии нархи маҳсулоти поезиро ба гармии беҳад зиёди обуҳавои имсола нисбат додаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.