Оғози мавсими нави театрӣ дар Тоҷикистон

Date:

Барои дӯстдорони намоишномаҳо нахуст Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дарҳои худро боз намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, дар мавсими 89-уми театрӣ аҳли эҷоди театр мухлисони худро бо нахустнамоиши «Ишқи нобино», ки таҳти коргардонии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхонов рӯи саҳна омадааст, истиқбол гирифтанд.

Драмаи иҷтимоии «Ишқи нобино» ба қалами нависанда Маҷид Салим тааллуқ дошта, бозгӯкунадаи арзишҳои неки ҷаҳони маънавӣ, хидмати тиббӣ, ишқу муҳаббати пок мебошанд. Дар асар бархӯрди ақидаву андешаҳо дар заминаи арзишҳои илмию тиббӣ ба таври бадеӣ инъикос ёфтаанд. Истифодаи осору фалсафаи ниёгон, хусусан ашъори Абуалӣ Ибни Сино ба намоиш як навъ ҷанбаи фалсафӣ бахшидааст.

Нақшҳои марказиро дар намоиш Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Аҳмадшо Улфатшоев, Бобоҷон Ҳасанов, ҳунарпешагон Ғолиб Исломов, Насриддин Асадуллоев, Савлатмо Ақназарова, Умедҷон Бобомуродов ва дигарон иҷро кардаанд.

Дигар театрҳо намоишҳои худро баъди таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатӣ пешкаш мекунанд, зеро бисёре аз ҳунармандони театрҳо дар чорабиниҳои идона дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт иштирок мекунанд.

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ санаи 15 сентябр соати 17:00 кушодашавии мавсими 78-уми театрӣ баргузор гардида, аҳли эҷоди театр ба ҳаводорони санъати опера ва балет дар оғози мавсими нав намоиши ҷадиди И. Штраус «Кӯршабпарак»-ро манзур менамоянд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Опереттаи «Кӯршабпарак» дар асри XIX эҷод гардида, дар саҳнаҳои театрҳои мусиқии ҷаҳонӣ мавқеи ба худ хосро соҳиб гардидааст. Коргардони оперетта Сӯҳроб Усмонов, дирижер Анвар Шаймуродов ва консертмейстер Лола Раҷабова мебошанд.

Дар оперетта Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Миралӣ Достиев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев, ҳунарпешагон Манучеҳр Раҳмонов, Ангелика Тиман, Мария Мирзоева, Қурбон Зокиров ва дигарон нақш офаридаанд.

Аз 20 сентябр Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барои тамошобинони наврас операи «Саргузашти Чиполлино»-ро пешкаш намуда, аз 22 сентябр намоиши операи «Рӯдакӣ» дар 2 саҳна оғоз мегардад.

Рӯзи 26 сентябр оперттаи мазҳакавии «Проделки Майсары» (Найрангҳои Майсара) аз рӯйи песаи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ намоиш дода мешавад, ки ба 100-солагии оҳангсоз Сулаймон Юдаков бахшида шудааст. Санаи 29 сентябр театри опера ва балет табъи дӯстдорони операро бо намоиши «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Сергей Балсанян болида мегардонад.

Билетҳоро метавон аз хазина (касса)-и театр аз соати 9:00 то 17:00 дастрас намуд. Нархи билет 20 сомонӣ аст. Маълумот бо телефони 221 62 91 қобили дарёфт аст.

Аҳли эҷоди Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский ба кушодашавии мавсими нави 81-уми театр рӯзи 18 сентябр бо мазҳакаи машҳури Ж.Б. Молйер «Тартюф» омодагӣ мегиранд ва ният доранд, ки онро ҳамчун армуғон дар оғози мавсими нав манзури ҳаводорони театр гардонанд.

Театри давлатии ҷавонони ба номи М.Воҳидов мавсими 47-уми театрии худро рӯзи 15 сентябр бо намоишномаи «Дирафши Ковиён» оғоз мебахшад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...