Ифтитоҳи дармонгоҳи хусусӣ дар Хоруғ – нахустин дар ВМКБ

Дар остонаи ҷашни Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин дармонгоҳи хусусӣ боз мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси ВМКБ хабар дод, ин дармонгоҳ аз ҳисоби воситаҳои соҳибкорзани маҳаллӣ Шарофат Ватаншоева сохта шудааст. Бинои маркази нави тиббӣ аз 6 ошёна иборат буда, дар он 11 ҳуҷраи табобати беморон, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар остонаи ҷашни Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин дармонгоҳи хусусӣ боз мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси ВМКБ хабар дод, ин дармонгоҳ аз ҳисоби воситаҳои соҳибкорзани маҳаллӣ Шарофат Ватаншоева сохта шудааст.

Бинои маркази нави тиббӣ аз 6 ошёна иборат буда, дар он 11 ҳуҷраи табобати беморон, 8 кабинети ташхиси беморӣ ва кабинетҳо барои дорусозон мавҷуд аст.

Дар дармонгоҳи нав шуъбаҳои гуногуни ташхис ва муолиҷаи беморон фаъолият намуда, он бо таҷхизоти навтарин, ки аз Русия ва Аврупо харидорӣ шудааст, таъмин мебошад.

Манбаъ дар бораи маблағи сарфшуда барои сохтмни дармонгоҳ маълумоти саҳеҳ надода, танҳо изҳори итминон кард, ки баъди оғози фаъолияти он шумори сокинони ВМКБ, ки барои ташхису табобат ба Душанбе мераванд, бамаротиб камтар хоҳад шуд.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, айни замон дар ҷумҳурӣ 681 муассисаи хусусии тиббӣ, аз ҷумла 382 муассиса бо мақоми шахси ҳуқуқӣ ва 55 филиал, инчунин, 301 муассисаи марбут ба шахсони воқеӣ фаъолият мекунад. Дар чунин муассисаҳо 1600 нафар табибон ва 1500 нафар кормандони миёнаи тиб кор мекунанд. Имрӯз дар мамлакат 58 беморхонаи хусусӣ, 22 маркази ташхис, 69 озмоишгоҳ, 4 маркази дорусозӣ ва зиёда аз 2300 дорухона таъсис дода шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.