Наздикони мусофири муноқишагари ҳавопаймо бемории ӯро исбот карданианд

Мувофиқи қарори суди шаҳри Жуковскии вилояти Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Давлатқадам Давлатқадамов, ки дар ҳавопаймои хатсайри Маскав – Душанбе рӯзи 29 август ба ҷанҷолу муноқиша пардохт, то 29 сентябр дар ҳабс мемонад. Тавре ба “Азия-Плюс” наздикони Давлатқадам хабар доданд, айни замон ӯ дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Кашир қарор дошта, то муайян шудани натиҷаҳои ташхиси тиббӣ он […]

Мувофиқи қарори суди шаҳри Жуковскии вилояти Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Давлатқадам Давлатқадамов, ки дар ҳавопаймои хатсайри Маскав – Душанбе рӯзи 29 август ба ҷанҷолу муноқиша пардохт, то 29 сентябр дар ҳабс мемонад.

Тавре ба “Азия-Плюс” наздикони Давлатқадам хабар доданд, айни замон ӯ дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Кашир қарор дошта, то муайян шудани натиҷаҳои ташхиси тиббӣ он ҷо мемонад.

Шамс, бародари Давлатқадам ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки ҳеҷ касеро ба дидор бо бародараш иҷоза надодаанд ва онҳо аз ҳолу вазъи ҳозираи ӯ огаҳӣ надоранд.

“Мо адвокат киро намуда, бо ёрии ӯ исбот карднием, ки Давлатқалам ба бемории ҷиддии рӯҳӣ гирифтор аст. Адвокат изҳор намуд, ки натиҷаҳои ташхиси тиббиро интизор шудан лозим аст, лекин кай он гузаронида мешавад, маълум нест”, – хабар дод Шамс.

Ба гуфтаи ӯ, агар исботи ба бемории ҷиддии рӯҳӣ гирифтор будани бародараш муяссар шаваду табибон онро тасдиқ кунанд, Давлатқадамро ё ба Тоҷикистон ва ё ба муолиҷаи маҷбурӣ мефиристанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29 август ҳавопаймои хатсайри Маскав – Душанбе соати 19:30 аз фурудгоҳи Жуковский ба парвоз хеста, дар пайи латукӯби меҳмондор (стюардесса) аз ҷониби Давлатқадам Давлатқадамов ва ба муноқишаву ҷанҷол пардохтани ӯ, маҷбур шуд ба фурудгоҳи Жуковский баргардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.