Ҳусейн Абдусамадов ба ҳамла ба сайёҳон бо дастури ҲНИ иқрор шуд

Ҳусейн Абдусамадов иқрор шуд, ки ба гурӯҳи гумонбари ҳамла ба сайёҳон дар Данғара роҳбарӣ намуда, аз ҷузъиёти ҳодиса ва даст доштани Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) дар ин амали террористӣ дар барномаи “Гирдоб” баёнот дод. Барномаи мазкур аз ҷониби КДАМ Тоҷикистон таҳия ва шоми рӯзи 4 сентябр дар шабакаҳои давлатии телевизион пахш шуд. Дар барномаи телевизионӣ […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ҳусейн Абдусамадов иқрор шуд, ки ба гурӯҳи гумонбари ҳамла ба сайёҳон дар Данғара роҳбарӣ намуда, аз ҷузъиёти ҳодиса ва даст доштани Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) дар ин амали террористӣ дар барномаи “Гирдоб” баёнот дод. Барномаи мазкур аз ҷониби КДАМ Тоҷикистон таҳия ва шоми рӯзи 4 сентябр дар шабакаҳои давлатии телевизион пахш шуд.

Дар барномаи телевизионӣ Абдусамадов иттилоъ дод, ки дастури ҳамла ба сайёҳонро аз узви фаъоли ҲНИ Қорӣ Носир (Носирхӯҷа Убайдов) гирифтааст.

“Аз соли 2003 то соли 2007 дар нази Қорӣ Носир таълими динӣ гирифтам, ӯ дар хонаи иҷора дар маҳаллаи 33-юми Душанбе дарс мегузаронид”, – изҳор дошт Абдусамадов дар бораи оғози шинос шуданаш бо Қорӣ Носир.

Дар идома ӯ зикр кард, ки бо кумаки Қорӣ Носир дар Эрон таҳсил намуда, таҳти роҳбарии ӯ бо Аслиддин Юсупов ва дигар ҷавонон дар Маскав кор мекардаанд. Ӯ ҳамчунин дар бораи ба дуздиву ғоратгарӣ машғул шуданашон барои пур кардани буҷети ҲНИ ва иштирокаш дар даргириҳои Сурия нақл кард.

“Моҳи июн Қорӣ Носир ба ман занг зада, изҳор намуд, ки мо бояд дар Тоҷикистон амали террористии сатҳи ҷаҳонӣ содир кунем. Ӯ гуфт, ки раҳбарияти ҲНИ мехоҳанд дар Тоҷикистон вазъро ноором кунанд. Ба мо супориш доданд, ки ба сайёҳон ҳамла кунем ва 100 рубл пардохт намуданд”, – гуфт дар барномаи телевизионӣ Абдусамадов.

Дар робита ба навори видео бо парчами Давлати исломӣ дар Норак ӯ қайд кард, ки инро барои пинҳон кардани даст доштани ҲНИ наворбардорӣ кардаанд.

“Пеш аз ҳамла мо навори видео бо парчами Давлати исломӣ таҳия кардем, то ки ҳама бовар кунанд, ки ин Давлати исломӣ аст. Ин барои пинҳон кардани даст доштани раҳбарияти ҲНИ дар ин кор анҷом дода шуд”, – изҳор дошт Абдусамадов.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29 июл дар қаламрави ноҳияи Данғара ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла сурат гирифта, дар натиҷа чор нафари онҳо – ду шаҳрванди ИМА, як шаҳрванди Нидерланд ва як шаҳрванди Швейтсария ҳалок ва боз ду сайёҳи дигар захмӣ шуданд.

Дар ҷараёни амадлиёти махсус чор нафар гумонбарон дар содир намудани ҳамла кушта шуданд. Ин ҷиноятро сокинони ноҳияи Панҷ – Ҳусейн Абдусамадов, Асомиддин Маҷидов, Зафар Сафаров ва сокинони шаҳри Норак бародарон Юсуфовҳо содир карданд. Рӯзи 31 июл ВКД Тоҷикистон изҳорот пахш намуд, ки даст доштани аъзои ҲНИ ба ин ҳамла изҳор шуд. Худи ҳамон рӯз масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифта, навори видео нашр кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.