Парвандаи куштори модари 33-солаи 3 фарзанд ба баррасии суд фиристода шуд

Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтиши парвандаи куштори Моҳира Ятимоваи 33-соларо ба итмом расонида, онро ба баррасии суди шаҳри Душанбе фиристод. Дар содир намудани ҷиноят собиқ шавҳари марҳум Бобоҷон Ширинов айбдор дониста мешавад, ки нисбаташ мутобиқи моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Аҳлиддин Ятимов, падари Моҳираи кушташуда ба […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+

Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтиши парвандаи куштори Моҳира Ятимоваи 33-соларо ба итмом расонида, онро ба баррасии суди шаҳри Душанбе фиристод.

Дар содир намудани ҷиноят собиқ шавҳари марҳум Бобоҷон Ширинов айбдор дониста мешавад, ки нисбаташ мутобиқи моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Аҳлиддин Ятимов, падари Моҳираи кушташуда ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки санаи оғози мурофиаи судӣ алҳол маълум нест. Бобоҷон Ширинов айни замон дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Душанбе қарор дорад.

“Набераҳоям, фарзандони Моҳира ҳозир назди бобои дигарашон – Раҷбалӣ Ширинов қарор доранд, гоҳ-гоҳ онҳоро мебинем”, – гуфт Аҳлиддин Ятимов.

Бобоҷон Ширинови 33-сола, собиқ котиби Суди олии иқтисодии Тоҷикистон шоми рӯзи 6 июн ба гумони даст доштан дар қатли собиқ ҳамсараш Моҳира Ятимова боздошт шуд. Бобоҷон Ширинов бо исрори падараш – Раҷабалӣ Ширинов ба шуъбаи милитсия омада, баёнот медиҳад, ки ҳангоми муноқиша ба собиқ ҳамсараш Моҳира Ятимов ба ӯ бо корд зарба задааст.

Бобоҷон Ширинов ва Моҳира Ятимова соли 2007 издивоҷ намуда, ду сол пеш аз ҳам ҷудо шуданд. Ҳарду соли 2007 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиро хатм кардаанд. Миёни ҳамсарон мудом барои кӯдакону амвол муноқиша сар мезад. Ду нафар кӯдакон бо падар ва як нафарашон бо модар зиндагӣ мекарданд.

Бобоҷон Ширинов писари генерал Раҷабалӣ Ширинов, собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мебошад. То таъинот ба мансаби муовини роҳбари Агентии зиддифасод Раҷабалӣ Ширинов солҳои тӯлонӣ мақомоти Пулиси андози Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.