Дастрасӣ ба Facebook дар Тоҷикистон боз имконпазир шуд

Сабаби қатъи дастрасӣ нофаҳмо боқӣ мемонад: Хадамоти алоқа аз шарҳ худдорӣ меварзад. Шабакаи иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон беш аз як моҳ дастнорас буд. Акнун он бидуни прокси ва VPN боз дастрас аст. Сабаби қатъи дастрасӣ нофаҳмо боқӣ мемонад. Дастрасӣ ба шабака аввали моҳи август баъди чанд рӯзи амали террористӣ дар Данғара маҳдуд шуд. Ҳамчунин дастрасӣ […]

Asia-Plus

Сабаби қатъи дастрасӣ нофаҳмо боқӣ мемонад: Хадамоти алоқа аз шарҳ худдорӣ меварзад.

Шабакаи иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон беш аз як моҳ дастнорас буд. Акнун он бидуни прокси ва VPN боз дастрас аст.

Сабаби қатъи дастрасӣ нофаҳмо боқӣ мемонад. Дастрасӣ ба шабака аввали моҳи август баъди чанд рӯзи амали террористӣ дар Данғара маҳдуд шуд. Ҳамчунин дастрасӣ ба бисёре аз анонимайзерҳо низ қатъ шуд, ки тариқи он ворид шудан ба сомонаҳои басташуда имкон дошт.

Дар ҳамин ҳол, дастрасӣ ба сомонаи гурӯҳи расонаҳои Asia-Plus то ҳол ғайриимкон аст.

Ҳафтаи гузашта “Азия-Плюс” ба Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳамчунин ба ҳамаи ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) бо дархости шарҳи сабаби қатъи дастрасӣ ба сомона муроҷиат намуд. Айни замон танҳо аз ширкатҳои “Вавилон” ва “Билайн” посух расид, ки онҳо ба ин кор даст надоранд. Хадамоти алоқа алҳол ба мо посух нагуфтааст.

Айни замон ба ҷуз сомонаи гурӯҳи расонаҳои Asia-Plus – news.tj ва видеохостинги YouTube, дастрасӣ ба дигар порталҳои иттилоотӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои интернет имконпазир мебошад.

Қобили зикр аст, ки ҳодисаҳои қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо дар Тоҷикистон аллакай чандин сол идома дорад, лекин ба назар мерасад, ки ахиран ин падида ба доимӣ табдил ёфта истодааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.