Созишномаи Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ҳузури шаҳрвандон дар марҳилаи тасдиқ

Дар Қирғизистон лоиҳаи қонун дар бораи тасдиқи Созишнома байни Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи тартиби ҳузури шаҳрвандон ба овоздиҳӣ фиристода шуд. Дар ҷаласаи Жогорку Кенеш (парлумон) имрӯз, 12 сентябр вакилон дар қироати аввал лоиҳаи қонун дар бораи тасдиқи Созишнома байни ҳукуматҳои Қирғизистон ва Тоҷикистонро дар бораи тартиби ҳузур (будубош)-и шаҳрвандони ҳарду кишвар дар қаламрави ҳамдигар баррасӣ […]

Asia-Plus

Дар Қирғизистон лоиҳаи қонун дар бораи тасдиқи Созишнома байни Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи тартиби ҳузури шаҳрвандон ба овоздиҳӣ фиристода шуд.

Дар ҷаласаи Жогорку Кенеш (парлумон) имрӯз, 12 сентябр вакилон дар қироати аввал лоиҳаи қонун дар бораи тасдиқи Созишнома байни ҳукуматҳои Қирғизистон ва Тоҷикистонро дар бораи тартиби ҳузур (будубош)-и шаҳрвандони ҳарду кишвар дар қаламрави ҳамдигар баррасӣ намуданд.

Тавре дафтари матбуоти Жогорку Кенеш хабар медиҳад, созишномаи мазкур санаи 1 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.

Гуфта мешавад, дар созишнома имкони ҳузури шаҳрвандони Қирғизистон дар қаламрави Тоҷикистон ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон бидуни қайд аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо то 60 рӯзи тақвимӣ пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли 2018 президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар ҷараёни ин сафар аз ҷумла созишномаи мазкур ба тасвиб расида буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.