Бори нахуст дар Тоҷикистон: дар газетаи “Азия-Плюс” видео тамошо кун!

Дар шумораи нави газетаи “Азия-Плюс” роликҳои рекламавиро метавон тамошо кард. Барои Тоҷикистон ин воситаи комилан инноватсионии digital-маркетинг барои пешбурди хизматгузориҳои рекламадиҳандагон аст. Ба гуфтаи директори генералии Asia-Plus Media Group Умед Бобохонов, оянда маводи газетаро натанҳо хондан, балки тамошо кардан имконпазир мегардад. “Дар бозори рекламаи Тоҷикистон ин як озмоиш аст. Минбаъд ният дорем, ки дигар маводи […]

Asia-Plus

Дар шумораи нави газетаи “Азия-Плюс” роликҳои рекламавиро метавон тамошо кард. Барои Тоҷикистон ин воситаи комилан инноватсионии digital-маркетинг барои пешбурди хизматгузориҳои рекламадиҳандагон аст.

Ба гуфтаи директори генералии Asia-Plus Media Group Умед Бобохонов, оянда маводи газетаро натанҳо хондан, балки тамошо кардан имконпазир мегардад.

“Дар бозори рекламаи Тоҷикистон ин як озмоиш аст. Минбаъд ният дорем, ки дигар маводи газетаро низ бо воқеияти иловашуда ба чоп расонем, то ки хонандагони мо дар баробари хондани матн аз тамошои видео низ баҳра баранд”, – мегӯяд Умед Бобохонов.

Барои санҷиши чӣ гуна кор кардани ин восита иҷрои ҳамагӣ СЕ кор лозим аст. Инро шумо худи ҳозир дар саҳифаи газтеи имрӯзаи мо (аз 27.09.2018 сол) анҷом дода метавонед.

1. Замимаи ARGIN дар Play Market ё App Store-ро ба смартфони худ барчинед (скачивать).

2. Замимаро ба кор дароварда, онро дар рӯи яке аз ду сурат дар саҳифаи 5 ё ба рекламаи “Ориёнбонк” дар муқоваи мо гузоред.

3. То пурра ба кор даромадан якчанд сония интизор шавед.

Аз тамошо ҳаловат баред!

Мо барои таҳияи чунин рекламаҳо дар газета барои Шумо омодаем. Муштариёни имконпазири Шумо ба он баҳои арзанда хоҳанд дод!

Ин хизматгузориро бо телефони +992 93 576 55 56 ё тариқи почтаи электронии [email protected] фармоиш дода метавонед.

Ҳамчунин метавонед ба дафтари кори мо дар бинои “Шарқи озод”: Душанбе, кӯч. Саъдии Шерозӣ, 1, ошёнаи 2-юм муроҷиат намоед.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.