Эҳтимоли боридани барфи аввали имсола дар Душанбе

Рӯзҳои 16-17 октябр дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор пешгӯӣ мешавад. Дар ин давра боридани борон ва қариб 10 дараҷа поинравии ҳарорат пешбинӣ мешавад. Тавре Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, дар аксари ноҳияҳо боридани борон ва табдили он ба барф дар назар аст. Дар Душанбе борон борида, ба барфи тар мегузарад. Ҳаво шабона +5+7 ва рӯзона +7+9  дараҷа […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 16-17 октябр дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор пешгӯӣ мешавад. Дар ин давра боридани борон ва қариб 10 дараҷа поинравии ҳарорат пешбинӣ мешавад.

Тавре Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, дар аксари ноҳияҳо боридани борон ва табдили он ба барф дар назар аст.

Дар Душанбе борон борида, ба барфи тар мегузарад. Ҳаво шабона +5+7 ва рӯзона +7+9  дараҷа гарм мешавад.

Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ боришоти сахти борон пешбинӣ шуда, шом имкони ба барф табдил ёфтани он вуҷуд дорад.

Дар ноҳияҳои ҷудогонаи вилояти Суғд боридани борону ба барф табдл ёфтани он пешбинӣ гардида, ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0+5 ва дар кӯҳҳо шабона ва рӯзона -1+4  дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок ва боридани борону барф дар назар буда,   ҳарорат дар ғарби вилоят шабона +1+6, рӯзона +7+12 ва дар шарқи вилоят шабона -3-8 ва рӯзона 0+5 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар вилояти Хатлон низ боридани борон пешбинӣ шуда, дар водиҳо шабона ва рӯзона +6+11 ва дар доманакӯҳҳо шабона ва рӯзона +2+7  дараҷа гарм хоҳад шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.