Таъини сардори нави шуъбаи кофтукови ҷиноятии фурудгоҳ

Мувофиқи фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба шуъбаи кофтукови ҷиноятии фурудгоҳи Душанбе сардори нав таъин шуд. “Сардори нави шуъбаи кофтукови ҷиноятии фурудгоҳи Душанбе Тӯрахон Кабирзода таъин шуд”, – хабар дод сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ. Дар бораи то ин замон дар кадом мансаб ифои вазифа намудани Тӯрахон Кабирзода ба “Азия-Плюс” маълумот […]

Мувофиқи фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба шуъбаи кофтукови ҷиноятии фурудгоҳи Душанбе сардори нав таъин шуд.

“Сардори нави шуъбаи кофтукови ҷиноятии фурудгоҳи Душанбе Тӯрахон Кабирзода таъин шуд”, – хабар дод сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.

Дар бораи то ин замон дар кадом мансаб ифои вазифа намудани Тӯрахон Кабирзода ба “Азия-Плюс” маълумот надоданд.

Ба гуфтаи котиби матбуотии ВКД, байни кормандони шуъбаи милитсияи фурудгоҳ низ ҷойивазкунии кадрҳо сурат гирифта, қисмати зиёди кормандон иваз шуданд.

Ёдрас мекунем, ки вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода бо фармони худ сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии милитсияи фурудгоҳи Душанбе Рустам Саъдиевро, ки ба сӯи корманди зертобеъи худ тир парронида буд, аз мансаб барканор кард.

Рӯзи 6 октябр сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Рустам Саъдиеви 34-сола дар ҷойи корӣ бо зертобеъаш Ниёзмаҳмад Алиеви 30-сола ба муноқиша пардохта, аз силоҳи хизматиаш – таппончаи Макаров ба сӯӣ ӯ тир холӣ кард.

Тирпарронида Рустам Саъдиев ва ҷабрдида – Ниёзмаҳмад Алиев замони рух додани ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.

Корманди милитсияи ҷабрдида бо захмҳо аз тир дар шикам ва пой дар бемористон бистарӣ шуда, айни замон ба ҳаёти ӯ дигар хатаре вуҷуд надорад. Сардори шуъба боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии милитсияи фурудгоҳ боздошт ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дар қатори ӯ ҳамчунин боз як қатор кормандоне, ки шаъну эътибор ва обрӯи  мақомотро паст зада, ба рафторҳои ношоиста роҳ додаанд, низ аз вазифаҳояшон озод карда шуданд. Вазир дастур дода буд, ки дар шуъбаи милитсияи фурудгоҳ пурра ҷойивазкунии кадрҳо гузаронида шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.