Эмомалӣ Раҳмон бар ин назар аст, ки низоми бонкии Тоҷикистон ба сармояи хориҷӣ ниёз дорад

Президенти Тоҷикистон аз норасоии воситаҳои озоди бонкҳо, баланд будани фоизи қарзҳо ва дастрасии нокифояи соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ нигаронӣ изҳор намуд. Ба Бонки миллӣ дастур дода шуд, ки барои ба низоми бонкӣ ворид шудани сармояи ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешад. Зимни суханронии имрӯза дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ дар Душанбе Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, […]

Президенти Тоҷикистон аз норасоии воситаҳои озоди бонкҳо, баланд будани фоизи қарзҳо ва дастрасии нокифояи соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ нигаронӣ изҳор намуд. Ба Бонки миллӣ дастур дода шуд, ки барои ба низоми бонкӣ ворид шудани сармояи ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешад.

Зимни суханронии имрӯза дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ дар Душанбе Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки низоми бонкӣ талабот ба маблағҳои қарз аз ҷониби соҳибкоронро пурра қонеъ гардонида наметавонад.

“Норасоии воситаҳои озоди бонкҳо, баланд будани фоизи қарзҳо ва дастрасии нокифояи соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ тақозо менамояд, ки дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд ва Бонки миллиро зарур аст, ки дар ин самт таҳқиқот гузаронида, барои ба низоми бонкӣ ворид шудани сармояи ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешад”, – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Президент таъкид дошт, ки фаъолияти устувори низоми бонкӣ яке аз омилҳои асосии таъмин намудани суботи молиявӣ ва рушди иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад.

“Дар ин робита ҷиҳати таҳкими механизмҳои назорати устувории молиявӣ соли ҷорӣ Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири манфии хавфҳои эҳтимолӣ ба низоми молиявии кишвар мусоидат менамояд”, – гуфт ӯ.

Зимнан зикр шуд, ки тӯли панҷ соли охир аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзии мамлакат ба маблағи 49 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки қариб 27 миллиард сомонӣ, яъне 55 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд.

Ҳамчунин қайд шуд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ ба қарзҳо қонунгузории мамлакат такмил ва аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи гарави молу мулки манқул” таҳия гардида, дар назди Вазорати адлия феҳристи электронии бақайдгирии гарави амволи ғайриманқул таъсис дода шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.