Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Раиси Ҳизби либералӣ-демократии Русия Владимир Жириновский бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон меояд. Имрӯз ӯ аз Қалаъаи Ҳисор ва боғҳои ангурзори шаҳри Турсунзода боздид мекунад. Қисмати расмии сафар санаи 1 ноябр доир мегардад; – Аз соати 23:00-и 31 октябр то соати 24:00-и 1 ноябр интиқоли оби нӯшокӣ ба микрорайонҳои 43, 64, 65, кӯчаҳои Борбад […]

Asia-Plus

АНОНС

– Раиси Ҳизби либералӣ-демократии Русия Владимир Жириновский бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон меояд. Имрӯз ӯ аз Қалаъаи Ҳисор ва боғҳои ангурзори шаҳри Турсунзода боздид мекунад. Қисмати расмии сафар санаи 1 ноябр доир мегардад;

– Аз соати 23:00-и 31 октябр то соати 24:00-и 1 ноябр интиқоли оби нӯшокӣ ба микрорайонҳои 43, 64, 65, кӯчаҳои Борбад ва Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, 32, 33, 52, 53, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, А. Қаҳҳорӣ, П. Сулаймонӣ, Тургенев, Р. Набиев ва Ханжини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қатъ мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4224 сомонӣ;

1 евро – 10.7189 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1433 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2006 — Дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ пули сеюм дар болои дарёи Панҷ миёни Тоҷикистону Афғонистон ба истифода дода шуд.

2011 — Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Волоҳазрат Карим Оғо Хони IV ба сохтмони пул дар болои дарёи Панҷ дар ноҳияи Шӯрообод ҳусни оғоз бахшиданд.

1941 – Зодрӯзи овозхони тоҷик Гулчеҳра Содиқова.

1953 – Мавлуди мусиқишинос ва овозхон Азизуллои Шариф.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +5+10.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +8+13.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +2+7, рӯзона +12+17; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +4+9.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +9+14; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +7+12.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +9+11.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +12+14.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф).

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +15+17.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.