Тасдиқи номзадии сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон

Кумитаи умури байнулмилалӣ, мудофиа ва амнияти парлумони Қирғизистон (Жогорку Кенеш) номзадии сафири нави ин кишварро дар Тоҷикистон тасдиқ намуд. Бино ба маълумоти хабаргузории 24.kg, сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон Жаниш Русенбеков таъин шудааст. Ӯ Мирослав Ниёзовро, ки чор сол сари ин мансаб буд, иваз мекунад. Тавре хабаргузорӣ иттилоъ медиҳад, тасдиқи номзадии сафири нав бинобар сабаби […]

Кумитаи умури байнулмилалӣ, мудофиа ва амнияти парлумони Қирғизистон (Жогорку Кенеш) номзадии сафири нави ин кишварро дар Тоҷикистон тасдиқ намуд.

Бино ба маълумоти хабаргузории 24.kg, сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон Жаниш Русенбеков таъин шудааст.

Ӯ Мирослав Ниёзовро, ки чор сол сари ин мансаб буд, иваз мекунад. Тавре хабаргузорӣ иттилоъ медиҳад, тасдиқи номзадии сафири нав бинобар сабаби анҷоми ваколатҳои Мирослав Ниёзов дар Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Мирослав Ниёзов соли 2014 ба мансаби сафир дар Тоҷикистон таъин шуд. Зимни супурдани эътимоднома ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ӯ он замон муҳимияти ҳалли масоили марзиро байни кишварҳо таъкид дошта буд.

Жаниш Рустенбеков айни замон сафири Қирғизистон дар Туркманистон аст. Санаи 25 сентябри соли 1949 таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи энергетикии Маскав (соли 1973). Солҳои гуногун ба ҳайси котиби давлатии назди президент, губернатори вилояти Ош, вакили Маҷлиси намояндагони халқи Жогорку Кенеш, вазири ҳолатҳои фавқулода ва сафири Қирғизистон дар Қазоқистон фаъолият намудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.